Эъломи номзадии муовини Обама барои интихоботи 2020-и Амрико

Ҷу Байден, муовини Барак Обама, раисиҷумҳури собиқи Амрико пас аз моҳҳо гумоназанӣ, дар ниҳоят дар як паёми “Твиттер”-ӣ, тасмими худро барои ширкат дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 Амрико ба унвони номзади Ҳизби демократ эълом кард.

Байден аз моҳҳо пеш болотар аз Берни Сандерс, сенатори мустақил ва дар садри ҳамаи назарсанҷиҳо дар мавриди барандаи рақобатҳои дохили Ҳизби демократ барои таъйини номзади ниҳоии ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 қарор дорад.

Ин назарсанҷиҳо ҳокист, ҳатто агар имрӯз интихобот баргузор шавад, Бойден қодир ба шикасти Доналд Трамп, раисиҷумҳури кунунии Амрико аст.

Бойдени 76 сола бо беш аз 45 сол собиқаи фаъолияти сиёсӣ, бистумин номзади муқаддамотии Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 маҳсуб мешавад.

Ин теъдод номзад барои ҳизбе, ки аз танаввӯи бесобиқае дар таърихи Амрико бархӯрдор аст, рекорд маҳсуб мешавад.

АмрикоБарак ОбамаДоналд ТрампҶу Байден
Comments (0)
Add Comment