Эмомалӣ раиси нави Иттиҳодияи футболи ОМ

Рустами Эмомалӣ то соли 2023 роҳбарии CAFA-ро бар ӯҳда хоҳад дошт. Писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 31 сол дорад, аз соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе аст. Рустами Эмомалиро яке аз ворисони эҳтимолии курсии падараш Эмомалӣ Раҳмон низ ном мебаранд.

Анҷуман навбатии Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 24 апрел дар меҳмонхонаи «Хятт Редженси Душанбе» баргузор шуд. Дар ин анҷуман президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои 4 соли оянда – солҳои 2019 – 2023 – президенти нави CAFA (Central Asian Football Association) интихоб шуд.

Дар анҷумани Душанбе ҳамин тавр, ноиби президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Коноқбоев ноиби аввали президенти CAFA ва дабири кулли Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров ноиби президентиCAFA интихоб шуданд. Ба ин тартиб, қароргоҳи Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ барои 4 соли оянда аз Тошканд ба Душанбе мекӯчад.

Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2014 таъсис ёфта, федератсияҳои футболи 6 кишвар – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Эронро дар бар мегирад.

Рустами Эмомалӣ 31 сол дошта, аз соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе, пойтахти ин кишвар аст. Писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро як вориси эҳтимолии курсии падараш низ ном мебаранд.

Бознашр аз Ахбор

ДушанбеОсиёи марказӣРустами ЭмомалӣТоҷикистонТуркманистонФедератсияи футболи Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment