Вақте гург аз рӯбоҳ ташаккур мекунад

Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил қавл дод, ки минтақае дар баландиҳои Ҷавлонро ба ифтихори хушхидматҳои Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрико, ба исми “Тарамп” номгузорӣ кунад.

Нетонёҳу дар назар дорад то аз раиси Кохи Сафед ба сабаби ба расмият шинохтани баландиҳои Ҷавлон ба унвони хоки Исроил ташаккур намояд.

Нетонёҳу гуфт: “Мо бояд бо ном гузоштани бахше аз баландиҳои Ҷавлон ба ифтихори Доналд Трамп, аз вай ташаккур ва қадрдонӣ кунем”.

Ӯ қавл дод ба зудӣ пешнависи ин тарҳро барои таъйид, ба давлат ироа медиҳад. Яке аз сухангӯёни Нетонёҳу бар ин бовар аст, ки ин ном ба минтақаи ҷадиде, ки ба зудӣ дар баландиҳои Ҷавлон сохта мешавад, ихтисос дода хоҳад шуд.

Қайд карда мешавад, ки баландиҳои Ҷавлон яке аз минтақаҳои ҳассос аз ҷиҳати низомӣ дар Ховари Миёна аст ва фақат 70 километр бо шаҳри Димишқ, воқеъ дар Сурия фосила дорад. Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 бахши зиёде аз баландиҳои Ҷавлонро, ки дар ихтиёри комили Сурия аст ба ишғоли худ даровард.

Бенёмин НетонёҳуДимишқДоналд ТрампИсроилСурияҶавлон
Comments (0)
Add Comment