Оғӯши бози Саудӣ барои Ироқ

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ барои як сафари расмии ду рӯза ба ҳамроҳи ҳайате шомили 11 вазир, 68 тан аз масъулони давлатӣ ва беш аз 70 тоҷир ба Риёз рафтааст.

Тибқи баёнияе, ки аз сӯи дафтари Абдулмаҳдӣ наш шуд, Абдулмаҳдӣ дар бораи ин дидор таъкид кард: «Тавсеаи равобити ду кишвари Ироқ ва Арабистон ниёзи асосии мо ва минтақа аст ва ин масъала ба таҳаққуқи сулҳ, тавсеа ва шукуфоӣ кумак мекунад.»

Абдулмаҳдӣ гуфт: «Мардуми мо пас аз ранҷҳое, ки дар набарди бо терроризм тӯли ним қарни гузашта таҳаммул карданд, акнун нисбат ба бозгашт ба зиндагии оддии худ ва давраи оромиш, рифоҳи иқтисодӣ ва хадамоти беҳтар умедвор ҳастанд.»

Нахуствазири Ироқ афзуд: «Ончи дар сафарамон ба Арабистон шоҳид будем ҷиддият ва хоҳиши муштараки ду кишвар ба тавсеаи равобитро нишон дод ва тавофуқномаҳо ва ёддоштҳое, ки ба сурати авалия миёни ду тараф ба имзо расиданд оғозе барои гушӯдани даречаҳои ҷадид ҷиҳати таҳаққуқи манофеи ду миллат ҳастанд.»

Боз тибқи ин баёния, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон дар маросими истиқбол аз Абдулмаҳдӣ гуфт: «Арабистон барои Ироқ эҳтироми бисёре қоил аст ва рушд, тавсеа ва тақвияти ин кишварро масаълаи асосӣ барои худ медонад. Инки чунин сатҳе аз оромиш дар Ироқ барқарор шавад, моро хушҳол мекунад ва мо дӯст дорем, ки Ироқ ҷойгоҳе, ки шоистааш астро дар минтақа ва дар миёни кишварҳои арабӣ ба даст оварад.»

Валиаҳди Арабистон дар идома гуфт: «Мо тамомии имконот ва таҷрибаҳои худро дар хидмати Ироқ ва мардуми он қарор медиҳем ва умедворем, ки аз зарфиятҳо ва фурсатҳои иқтисодии мавҷуд дар ду кишвар истифода шавад.»

Дар тавзеҳ бояд гуфт; бар асоси баёнияи ёдшуда дар дидори муштараке, ки бо ҳузури аъзои ҳайатҳои ду кишвар буд, дар бораи ҳамкорӣ дар заминаҳои тавсеаи энержӣ, ширинсозии об, маскан, нефт ва фаровардаҳои он, тавсеаи бахшҳои кишоварзӣ, тиҷоратӣ ва шеваҳои обёрӣ, саноеъ ва тақвияти сармоягузориҳо дар заминаҳои гардишгарӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ гуфтугӯ шуд. Ҳамчунин тарафайн имкони афзоиши саҳмияи мардуми Ироқ дар аъмоли Ҳаҷ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҷамъияти ин кишварро баррасӣ ва ба майли худ нисбати афзоиши сатҳи ҳамкориҳо дар чорчӯби Шӯрои ҳамоҳангии муштараки ду кишвар таъкид карданд.

Дар нигоҳи таҳлилӣ бояд гуфт, ки Риёз равобити дипломатики худ бо Бағдодро дар декабри 2015 пас аз 25 сол таваққуфи равобит бо ин кишвар аз сар гирифтааст.

Пас аз ҳамлаи Ироқ ба Кувйят дар соли 1990 мелодӣ равобити Риёзу Бағдод рӯ ба таниш рафт ва акнун бо гузашти чандин даҳа аз ин танишҳо, равобити ду тараф пас аз сафари Одил Ҷубайр, вазири хориҷаи вақти Арабистон ба Бағдод дар 25 феврали 2017 ин равобит рӯ ба беҳбуд рафтаанд. Ин аввалин боре буд, ки як масъули олимақоми Арабистон баъди соли 1990 ба Бағдод сафар мекард ва ҳамин сафар замина барои сафарҳои мутақобили баъдиро фароҳам кард.

Дар июн 2017 Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири вақти Ироқ дар сафаре, ки ба Арабистони Саудӣ дошт, оиди эҷоди як Шӯрои ҳамоҳангӣ ҷиҳати тавсеаи равобити ду тараф бо Риёз ба тавофуқ расид. Ҳоло баъди ин ҳама солҳо Арабистони Саудӣ бо эҷоди дубораи равобити худ ва дасти гушодаи худ бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти валиҳади Арабистон бояд дар интизори иттифоқоти сиёсии бошем, таъсири фаровон дар минтақа хоҳад дошт, ки баъд аз бозгашти нахуствазири Ироқ аз Саудӣ равшан мешавад.

Арабистон СаудӣБағдодвалиаҳди СаудӣИбни СалмонИроқКувайтОдил АбдулмаҳдӣОдил ҶубайрРиёзҲайдар Ибодӣ
Comments (0)
Add Comment