Қатъи равботи Русия бо НАТО

Александр Грушко гуфт, ҳамкорӣ миёни Русия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар абъоди низомӣ ва ғайринизомӣ аз имрӯз, душанбе ба таври комил қатъ шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба иқдомоти хасмона ва ноамнкунандаи Амрико ва НАТО дар атрофи марзҳои Русия ибрози умедворӣ кард, қатъи ин ҳамкориҳо ба муноқишаи ҷиддӣ миёни Русия ва НАТО мунҷар нашавад.

Александр Грушко таъкид кард, Маскав омодаи муқобила бо таҳдидоти эҳтимолии НАТО аст ва вуқӯи ҷанг миёни Русия ва НАТО фоҷиае бузург барои башарият хоҳад буд.

Александр ГрушкоАмрикоНАТОРусия
Comments (0)
Add Comment