Ҷавлон мутааллиқ ба Сурия аст

Созмони Ҳамкории Исломӣ ин иқдоми Трампро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бавижа қатъномаҳои 242 (соли 1967) ва 497 (соли 1981) бар шумурд ва тасреҳ кард, Ҷавлон бар асоси қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои СММ, сарзамини арабӣ ва мутааллиқ ба Сурия аст.

Трамп рӯзи душанбе дар иқдоме хилофи муқаррароти байналмилалӣ ва нақзи сареҳи қатъномаҳои Шӯрои амният, фармонеро имзо кард, ки ба мӯҷиби он, Вашингтон ҳокимияти режими саҳюнистиро бар баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия ба расмият мешиносад.

Трамп ин фармонро дар ҳузури Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Вашингтон имзо кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст ва намояндагони панҷ узви Иттиҳоди Аврупо дар Шӯрои амнияти СММ шомили Фаронса, Олмон, Англия, Полша ва Белгия низ бо судури баёнияи муштараке эълом кардаанд, ҳаққи ҳокимияти режими саҳюнистиро бар баландиҳои Ҷавлон ба расмият нахоҳанд шинохт.

Режими саҳюнистӣ дар соли 1967, ҳудуди ҳазору 200 километри мураббаъ аз хоки Сурия дар баландиҳои Ҷавлонро ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои ишғолӣ илҳоқ кард.

Шӯрои амнияти СММ низ ин минтақаро ишғолӣ хондааст.

Англиябаландиҳои ҶавлонБелгияБенёмин НатаняҳуОлмонПолшаРежими саҳюнистӣСозмони Милали МуттаҳидСозмони Ҳамкории ИсломӣСурияФаронса
Comments (0)
Add Comment