Лағви бахше аз таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Кореяи Шимолӣ

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии Созмони Милал, ин иқдом бо ҳадафи беҳбуди вазъи саломат ва тағзияи кӯдакон дар Кореяи Шимолӣ сурат гирифт.

Ин муофият роҳро барои ирсоли кумакҳои башардӯстона, азҷумла колоҳои беҳдоштӣ ва абзорҳои ҷарроҳӣ ба Кореяи Шимолӣ боз мекунад.

Ба ин тартиб, шумори муофиятҳои башардӯстонаи Кореяи Шимолӣ ба 21 маврид расид.

Ҷорӣ шудани ин муофиятҳо бо вуҷуди рӯйкарди хасмонаи Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ аст, ки ба дунболи шикасти музокироти сарони ду кишвар аз сар гирифта шудааст.

Дувумин нишасти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Ким Чунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ 27 ва 28 феврал дар пойтахти Ветнам бидуни натиҷа поён ёфт.

Аввалин нишасти сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ ҳам июни соли 2018 дар Сингапур баргузор шуд ва ҳосиле ҷуз баёнияе мубҳам дар хусуси халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея надошт.

Кореяи Шимолӣ зиёдахоҳӣ ва вафодор набудани Амрико ба тааҳҳудоти худро омили аслии шикасти музокироти ду кишвар эълом кардааст.

АмрикоДоналд ТрампКореяи Шимолӣлағви таҳримСингапурСозмони Милал
Comments (0)
Add Comment