Ардуғон: “Агар Нюзеланд коре накунад мо интиқоми хуни мусалмононро мегирем”

Ба гузориши Тоҷик Пресс ба нақл аз “Reuters”, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия бо хитоб қарордодани фарде, ки рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар аз намозгузорони мусалмонро дар ду масҷид дар Нюзеланд ба хоку хун кашид, гуфт: “Ту 50 нафар аз бародарон ва хоҳарони моро шарурона ба қатл расонди. Ту товони ин кори худро пардохт мекуни. Агар Нюзеланд туро водор ба пардохти товони ин ҷиноят накунад, мо медонем, ки чигуна туро маҷбур ба ин кор кунем”.

Ардуғон, ки дар байни ҳазорон нафар аз мардуми кишвараш сухан мегуфт, дар идома хотирнишон кард: “Туркия иштибоҳ кард, ки 15 соли пеш муҷозоти эъдомро аз қавонини худ канор гузошт. Нюзеланд низ акнун бояд тиртиботе иттихоз кунад, ки омили чинояти ахир бо муҷозоти эъдом мувоҷеҳ шавад”.

Рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи террористии як фарди мусаллаҳ ба масҷиди Нур ва як масҷиди дигар дар кишвари Нюзеланд, ҳангоми иқомаи намози ҷумъа, дасти кам 50 намозгузор ҷони худро аз даст доданд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

АрдуғонМусалмонНюзеландРаҷаб Тайиб АрдуғонТуркияҳамлаи террористи
Comments (0)
Add Comment