Эрон дар Ироқ бар Амрико пирӯз шуд

Рӯзномаи кувейтии «Алраъй» дар гузорише навишт, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар сафари ахири худ ба Ироқ бо ҳама масъулони ин кишвар ва ҳамчунин мароҷеи тақлид дар Наҷаф дидор кард ва масъалаи муҳим, муқоисаи байни сафари махфиёнаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳафтаи охири соли 2018 ба Ироқ бо сафари ошкори раисҷумҳури Эрон ба ин кишвар буд. “Алраъй” навишт, дар ин сафар ҳавопаймои ҳомили раисҷумҳури Амрико комилан махфӣ дар бахши амрикоии пойгоҳи ироқии “Айнуласад”, дар вилояти Аланбор фуруд омад ва ин боис шуд, ки мақомоти Ироқ дидор бо Трампро напазиранд.

Рӯзномаи «Алраъй» дар ин гузориш бо ишора ба ҳаҷми болои мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодии байни Теҳрону Бағдод изофа кард, аз сӯйи дигар Бағдод хостори хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқ аст, бидуни ин ки ба робитаи олии байни Теҳрону Бағдод латмае ворид шавад. Бинобар ин барои Трамп гузинае ҷуз қатъи равобит бо Ироқ боқӣ намемонад.

“Алраъй” дар поён навишт, маънои сафари Рӯҳонӣ ба Ироқ ин аст, ки Эрон бар Амрико дар Ироқ пирӯз шуд, чун мақомоти Ироқ зимн мухолифат бо таҳримҳои Амрико бар ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳама заминаҳо исрор доранд, ки ин нишондиҳандаи шикасти сиёсати Амрико барои ба зону даровардани Эрон аст.

БағдодДоналд ТрампИроқКувайтТеҳронҲасани РӯҳонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment