Ҷомеаи Амрико дар пайи адолати иҷтимоӣ

Дар ҳоле ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва мушовиронаш доим дар мавриди зуҳури сотсиализм дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд, ҷавонтарин зани узви Конгресси Амрико аз ислоҳнопазирии сармоядорӣ сухан ба миён овардааст.

Александриа Оказио Кортез мегӯяд: “Сармоядорӣ як идологияи мубтанӣ бар сармоя аст ва муҳимтарин чиз дар он тамаркузи сармоя ва афзоиши суд аст. Талоши сармоядорӣ барои афзоиши суд ба зиёни мардум ва муҳити зист тамом мешавад ва аз назари ман сармоядорӣ ислоҳнопазир аст”.

Напазируфтани сармоядорӣ аз забони як узви Конгресси Амрико баёнгари мизони хашму норизоиятии амиқ аз муносиботи ноодилонаи ҳоким бар ин кишвар аст. Ба унвони мисол, дар ҳоле ки Амрико қавитарин иқтисоди ҷаҳон шумурда мешавад ва сарватмандтарин афроди ҷаҳон дар Амрико зиндагӣ мекунанд, теъдоди афроди зери хатти фақр дар ин кишвар беш аз 45 миллион тан эълом шудааст. Ҳамчунин чанддаҳмиллион амрикоӣ бебимаҳои дармонӣ ҳастанд ва бидуни кумаки давлат ё муассисоти хайрия қодир ба таъмини ҳазинаҳои сангини дармони худ нестанд.

Дар айни ҳол, дар кишваре, ки сарватмандтарин фарди он беш аз 130 миллиард доллар сарват дорад, ҳудуди 5 миллион тан бо купонҳои ғизоӣ рӯзгор мегузаронанд. Чанд моҳ пеш низ гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури фақр дар гузориши худ эълом кард, дар бахшҳое аз ҷануби Амрико фақр ба қадре амиқ ва ҳавлнок аст, ки авзои ин манотиқ аз манотиқи фақрзадаи Африқо низ вахимтар шудааст.

Аз ин рӯ, дар ҷомеае, ки сарвати 400 тан муодили сарвати 150 миллион амрикоӣ аст ва султаи пул бар сиёсат, низоми ҷумҳурӣ дар Амрикоро ба низоми олигархии молӣ бадал кардааст, тамоюл ба барқарории адолати иҷтимоӣ ва рафъи табъизоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва нижодӣ рӯ ба афзоиш аст. Ин тақозо дар пайи буҳрони молии 2007 -2008 ибтидо дар шакли ҷунбиши тасхири “Вол Стрит” дар соли 2012 зуҳур ва буруз ёфт ва сипас дар ҷараёни интихоботи муқаддамотии раёсатҷумҳурии соли 2016 Берни Сендерс тавонист ҳудуди 12 миллион раъйдиҳандаи амрикоиро бо шиорҳои сохторшиканонаи адолатхоҳона ва бо нақди сармоядорӣ гирди худ ҷамъ кунад. Ҳатто бахши умдаи орои Доналд Трамп дар соли 2016 низ ҳосили ҳамалоти лафзии вай ба муносиботи ноодилонаи иҷтимоӣ ва ваъдаҳои тағйир аз ҷониби вай буд.

Бо ин ҳол, ташдиди нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ду соли раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, алоқамандон ба тағйироти бунёдин дар сохторҳои нокоромад ва ноодилонаро ба самти чапгароӣ савқ додааст.

Муҳофизакорон ин фарояндро шаклгирии хатари сотсиализм дар маҳди сармоядорӣ лақаб додаанд. Бо ин ҳол, таҳаввулхоҳон дар Амрико беш аз ин ки дар пайи сотсиализми навъи аврупоӣ бар мабнои идологияи коммунистӣ ва иштирокӣ кардани ҷомеа бошанд, адолати иҷтимоӣ ва тақсими баробари имконот дар Амрикоро пайҷӯӣ мекунанд.

Ба иборати дигар, чапгароёне ҳамчун Сендерс ё Оказио Кортез ба ҷойи сарнагунии низоми сармоядории хашини ҳоким бар Амрико бошанд, дар талош ҳастанд навъе сармоядории ба истилоҳ меҳрубонро дар ин кишвар мустақар созанд. Бо ин ҳол, муваффақият дар барқарории адолати иҷтимоӣ дар кишваре ҳамчун Амрико бо суннати дерпои фардгароии манфиатталабонаи либерал – демократӣ чандон осон нахоҳад буд.

АмрикоАфриқоВол СтритДоналд ТрампОказио КортезСозмони Милал
Comments (0)
Add Comment