Иҷмои ҷаҳонӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башар алайҳи Арабистони Саудӣ

Маҳкум кардани Арабистони саудӣ аз тарфи намояндаҳои кишварҳои ҷаҳон

“Арабистони Саудӣ қалъаи диктаторӣ аст” – таъбире аст, ки шабакаи арабии ҳуқуқи башар ироа кард. Баёнияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ ҳатто фаротар аз таъбири «қалъаи диктаторӣ» аст. Ин баёния аз чанд буъд ҳоизи аҳамият аст.

Нахуст, барои нахустин бор 36 кишвар дар чорчӯби Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал баёнияи ҳуқуқи башарро алайҳи Арабистони Саудӣ тасвиб карданд, ки 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар миёни мувофиқони ин баёния ҳастанд. Дар ҳамин росто “Алҷазира”-и Қатар дар гузорише иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башарро иқдоми бесобиқа алайҳи Риёз аз ибтидои таъсиси ин шӯро дар соли 2006 унвон кард. Дидбони ҳуқуқи башар низ онро «ҳаракати ҷамъии қобили таваҷҷуҳе донист, ки ба наҳви муваффақиятомез ва мунсаҷим ба интиқод аз як кишвари узви Созмони Милал пардохтааст».

Дувум, ин баёния ба навъе бори дигар инзивои Амрико дар арсаи низоми ҷаҳониро собит кард, зеро дар ҳоле ки Амрико бо ин баёния мухолифат кард, 36 кишвар, аз ҷумла 28 кишвари аврупоӣ қотеона аз ин баёнияи зидди Арабистони Саудӣ ҳимоят кардаанд.

Севум, ин баёния ба лиҳози муҳтавоӣ аҳамияти зиёде дорад, зеро мавориди нақзи ҳуқуқи башарро дар Арабистони Саудӣ баршумурдааст. Боздошти густурдаи мухолифони қатли Ҷамол Хошуқчӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи занон ва озори онҳо, шиканҷаи мухолифон ва нақзи ҷиддии озодии баён аз муҳимтарин мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ аст, ки дар ин баёния ба он ишора шуд. Бо ин ҳол, мавориде назири табъизи мазҳабӣ, нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳо ва ҷинояти фаромарзӣ алайҳи дигар кишварҳо, бахусус алайҳи Яман аз мавориде аст, ки дар ин баёния ба онҳо ишора нашудааст.

Чаҳорум, ин баёния нишон дод, ки фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Арабистони Саудӣ, бахусус Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳд коҳиш наёфтааст ва ҳамчунон идома дорад. Дар ҳамин росто ҳатто дар ин баёния дар бораи сӯистифодаи Риёз аз қавонини зиддитеррористӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Илова бар ин, агарчи давлати Амрико бо ин баёнияи Шӯрои ҳуқуқи башар мухолифат карда, аммо дар сохтори қудрати Амрико дар хусуси Арабистони Саудӣ дугонагӣ ва таорузи ошкоре эҷод шудааст. Дар ҳоле ки Трамп ва ҳалқаи маҳдуди атрофи ӯ ҳамчунон аз Арабистон ҳимоят мекунанд, бисёре аз демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресс бар муҷозоти Арабистон ба далели ҷиноятҳои марбут ба ҳуқуқи башар таъкид доранд.

Панҷум, сафири Арабистон дар Созмони Милал ин баёнияро дахолат дар умури дохилии ин кишвар унвон кард, аммо воқеият ин аст, ки ин баёния мудохила дар умури дохилии Арабистон набуд, зеро Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар чорчӯби “Барномаи баррасии давраии ҳуқуқи башар” вазифа дорад, вазъияти ҳуқуқи башарро дар кишварҳои узв баррасӣ кунад. Судури баёния ҷанбаи ҷадиди амалкарди Шӯрои ҳуқуқи башар буд, ки ин низ мудохила дар умури дохилии Арабистони Саудӣ маҳсуб намешавад, зеро аз як сӯ ҳокимият маънои суннатии худ ба манзалаи манъи ҳар гуна дахолат дар умури дохилиро аз даст дода ва аз сӯйи дигар нақзи ҳуқуқи башар тавассути Ҳукумати Саудӣ ба ҳадди фоҳиш ва ошкор дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар анҷом мешавад, ки табдил ба як «таҳдиди ҷаҳонӣ» шудааст.

Арабистони СаудӣСозмони МилалШӯрои ҳуқуқи башар
Comments (0)
Add Comment