Тасвиби қатънома алайҳи узви мусулмони конгресси Амрико

Маҷлиси намояндагони Амрико дар идомаи фишорҳои сиёсӣ бар намояндаи мусулмони мунтақиди лобии саҳюнистӣ, қатъномае алайҳи вай тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик Пресс, қонунгузорони амрикоӣ бомдоди ҷумъа бо 407 раъйи мувофиқ ва 23 раъйи мухолиф ба қатъномае алайҳи Илҳон Умар зани мусулмони узви маҷлиси намояндагон раъй доданд.

Дар ин қатънома зидди ин намояндаи мусулмон иддаоҳое ҳамчун яҳудиситезӣ ва таассуби зидди гурӯҳҳои ақаллият матраҳ шудааст.

Илҳон Умар пас аз он ба яҳудиситезӣ муттаҳам шуд, ки ба тозагӣ фош кард лобии қудратманди ҳомии Исроил «Айпак», аз нуфузи молии худ барои пешбурди тарҳҳои ҳимоят аз Телавив дар конгресси Амрико истифода мекунад.

Илҳон Умар борҳо нақши лобигарони саҳюнистро дар сиёсати Амрико мухарриб дониста ва фош кардааст, ки ин лобиҳо ба аъзои конгресс пул медиҳанд то онон аз Исроил дифоъ кунанд.

Фишорҳои сиёсӣ бар Илҳон Умари сомалитабор ба ҳадде расидааст, ки ҳатто бархе демократҳои ҳамҳизбиаш ба ҳамроҳи ҷумҳурихоҳон ва низ Доналд Трамп раисиҷумҳурии Амрико, хостори истеъфои ин зани мусулмони узви конгресс шудаанд.

АмрикоДоналд ТрампИлҳон УмарИсроил
Comments (0)
Add Comment