Кумакҳои билоивази Чин ба Сурия

Ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия (САНА), Фенг Бияо сафири Чин дар Димишқ гуфт, тафоҳумномаи кумакҳои билоивази Чин ба Сурия аз ҷумла василаҳои электроникӣ монанди кампютер, чопгар ва сканер аст.

Сафири Чин дар Димишқ зимни ҳимоят аз давлат ва мардуми Сурия дар муқобили террористҳо ва тавтеъаҳои душманон афзуд, Пекин аз оғози буҳрон дар Сурия, дар ростои ҳимоят аз мақомоти Сурия кумакҳои башардӯстонаи бисёре ба ин кишвар кардааст.

Айман Сосан муовини вазири хориҷаи Сурия низ пас аз имзои ин тафоҳумнома гуфт, имзои ин тафоҳумнома кумаке аз тарафи давлати Чин барои пушти сар гузоштани табаъоти таҳримҳои иқтисодии ғайриқонуние аст, ки ҳомиёни терроризм бар Сурия иҷроӣ карданд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи саҳюнистӣ оғоз шуд, ки бо талоши артиш ва мардуми Сурия тавтеъаи душманон ноком мондааст.

Айман СосанАрабистонДимишқПекинСурияФенг БияоЧин
Comments (0)
Add Comment