Нигаронии СММ аз бетаваҷҷуҳии Арабистон, Миёнмор ва режими Исроил ба ҳуқуқи башар

Мишел Бочела рӯзи чаҳоршанбе дар гузориши солонаи худ ба чиҳилумин давраи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева, аз мақомоти Арабистон хост, саркӯб ва шиканҷаи фаъолони зани ҳуқуқи башарро дар ин кишвар мутаваққиф ва фаъолони зани боздоштшударо озод кунад.

Бочела ҳамчунин зимни радди вокуниши режими саҳюнистӣ ба гузориши Созмони Милал дар бораи хушунати ин режим бо тазоҳуркунандагон дар марзи навори Ғазза афзуд, муҳосираи навори Ғазза боиси вахомати авзои ин минтақа шуда ва мизони бекорӣ дар он ба беш аз 50 дарсад расидааст.

Ин мақоми Созмони Милал изҳор дошт, Исроил бо муҳосираи Ғазза, боиси маҳдуд шудани рушди иқтисодии ин минтақа шудааст ва 70 дарсад аз сокинони Ғазза ба кумакҳои инсонӣ ниёз доранд.

Бочела дар бахши дигаре аз гузориши худ ба Миёнмор пардохт ва эълом кард, манофеъ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ омили зулми артиши Миёнмор дар ҳаққи мусулмонони Руҳингиё дар ин кишвар аст ва бояд барои бозгашти довталабонаи онон аз урдугоҳҳо ба хона ва диёрашон ҳимоят ва талош кард.

АрабистонҒаззаИсроилМиёнморМишел БочелаРуҳингиёСозмони Милал
Comments (0)
Add Comment