Кишварҳои исломӣ бояд баробари Исроил истодагӣ кунанд

Мавлуд Човуш Уғлу, ки дар суханронии худ гуфт: “Касоне, ки аз интиқод кардан аз Исроилу Амрико парҳез мекунанд, наметавонанд аз Қудс дифоъ кунанд.”

Вазири хориҷаи Туркия дар идома афзуд: “Дар ҳоле, ки шоҳиди тазалзули кишварҳои исломӣ ҳастем, ки аз Амрико ва Исроил метарсанд, аммо инҳо худ Фаластинро таҳти фишор мегузоранд, ки аз Исроил зиёд интиқод накунад. Оё инҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд аз Қудс дифоъ кунанд?”

Дипломати баландпояи Туркия бо интиқод аз мавозеи бархе кишварҳои исломӣ гуфт, ки ҳамин кишварҳо дар замони раъйгирӣ алайҳи Амрико ва Исроил дар нишастҳои мухталифи исломӣ ва Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ду соли гузашта “рафтори буздилона” доштанд.

Човуш Ағлу бо баёни инки Туркия баробари бисёре аз таҳдидҳо аз ҷумла терроризм дар ҳоли мубориза буда, афзуд, ки сулҳу субот дар Сурия барои шаҳрҳои марзб ҳамчун Ҳотои аҳамият дорад.

вай дар поён бо баёни талошҳои Туркия дар ҳалли мушкилоти Сурия ибрози умедворӣ кард бо мусоид шудани авзоъ ва бозгашти субот, тамомии сурияиҳо ба кишварашон бозгарданд.

АмрикоИсроилҚудсМавлуд Човуш УғлуРежими саҳюнистӣСозмони Милали МуттаҳидСуриятерроризмТуркияФаластин
Comments (0)
Add Comment