Лузуми тақвияти равобити Эрон ва Арманистон

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ръзи чаҳоршанбе дар ин дидор бо таъкид бар лузуми афзоиши сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Теҳрон ва Ереван, хотирнишон карданд, бар хилофи майли амрикоиҳо, равобити Эрон ва Арманистон бояд мустаҳкам, мустамар ва дӯстона бошад.

Таърихи равобити Эрон ва Арманистон саршор аз таҷрибаҳои хуби ҳамкорӣ аст. Эрон ва Арманистон ба сабаби иштирокҳои мухталиф, азҷумла фарҳангӣ, иртибототи мардумии хубе бо ҳам доранд. Солона ҳазорон нафар аз мардуми Эрон, Арманистонро ба унвони мақсади гардишгарӣ интихоб мекунанд. Муносиботи мардумӣ ба равобити Эрон ва Арманистон пойдорӣ бахшида ва ин муҳим имрӯз пуштвонаи қобили иттикое барои ҳаракати ду кишвар дар масири густариши ҳамаҷонибаи муносибот аст.

Илова бар ин, ҷомеаи фаъоли арманиҳои Эрон дар густариши беш аз пеши муносиботи Теҳрон ва Ереван нақш доштааст. Нигоҳи мусбат ва инсонии Эрон ба ҷомеаи аромана, ангезаи Эрон ва Арманистонро барои ҳамкорӣ дучандон кардааст. Ароманаи Эрон аз озодии комил барои анҷоми маносик ва маросими динӣ ва фаъолитҳои иҷтимоиву фарҳангӣ бархурдоранд.

Дар ҳамин замина, Самуэл Карапатян, муаррих ва раиси Бунёди таҳқиқоти осори марбут ба аромана ахиран дар мусоҳиба бо хабарнигори радиои армании бурунмарзии Садо ва Симо, дар бораи чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва равобити Эрон ва Арманистон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чиҳил соли гузашта ба адён таваҷҷуҳи вижа дошта ва таваҷҷуҳи эрониён ва масъулони он нишондиҳандаи ин амр аст, ки Ислом аҳли гуфтугӯ аст.

Иштирокҳо ва зарфияти азим ва мутанаввеи ҳамкорӣ байни Эрон ва Арманистон, ду кишварро дар масири густариши ҳамкориҳо собитқадам карда, ки ҳатто коршикании бархе кишварҳо, азҷумла Амрико монеи он нашудааст.

Мавзеъгирии давлатмардони Арманистон дар ҳимоят аз густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико, ду кишварро вориди марҳалаи ҷадиде аз муносибот кардааст, ки ҳамзамон бо сафари нахуствазири Арманистон ба Теҳрон, муқаддамоти он бо имзои ду санад фароҳам шуд.

Зарфиятҳои азим барои густариши ҳамкориҳои Эрон ва Арманистон дар заминаҳои энержӣ, гардишгарӣ ва иқтисодӣ ва ҳамҷвории ду кишвар, аз Эрон ва Арманистон ду шарики қобили эътимод сохтааст.

Илова бар ҳавзаи энержӣ, ки шоҳбайти ҳамкориҳои Эрон ва Арманистон аст, ду кишвар дар бахши таҷҳизот ва мошинолот, тавлиди маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ ва гардишгарӣ фурсатҳои хубе барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳо доранд.

Тавсеаи муносиботи Эрон ва Арманистон фақат дуҷониба нест ва Арманистон ба унвони пули иртиботии Эрон бо минтақаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷойгоҳи муҳим ва роҳбурдӣ дар муносиботи Эрон бо ин минтақа дорад.

Арманистон танҳо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёст, ки дорои марзи заминӣ бо Эрон аст. Раёсати кунунии Арманистон бар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, нақши ҳаётии ин кишварро дар бархурдорӣ аз мазиятҳои иқтисодии ин минтақаи иқтисодӣ барои Эрон дучандон хоҳад кард.

Илова бар бозори Арманистон барои арзаи колоҳои эронӣ, мавқеияти ҷуғрофиёии ин кишвар ба гунае аст, ки метавонад заминаи ҷазби бозори 180 миллионнафарии кишварҳои минтақаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам кунад.

 

АвруОсиё АвруОсиёАрманистон Арманистон Самуэл Карапатян Самуэл КарапатянЕреван ЕреванТеҳронЭрон Эрон
Comments (0)
Add Comment