Сахтгирӣ бар муҳоҷирини тоҷик дар Русия; на ҳукумат ва на мухолифин ғами онҳоро намехуранд

 

Ба гузориши Тоҷик Пресс, видеои даҳшатноке дар ВАО паҳн гардидааст, ки нишон медиҳад даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия чандин соат дар ҳавои сард дар берун нигоҳ дошта мешаванд. Ин муҳоҷирини тоҷик, ки сахтии бисёре таҳаммул кардаанд, чунон аз сардии ҳаво ба ларза омадаанд, ки почак мезананд. Бархе аз онон ҳатто кӯрпаҳояшонро дар рӯи замин партофтаанд, ки ақалан пойҳояшонро сармо назанад.

Дар идомаи видео мебинем, ки онҳоро ба шуъбаи пулис бурдаанд ва бачаҳои тоҷик ҳар куҷо, ки рост омад, ҳатто дар рӯи фарши қоқ хобидаанд.

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод, ки ин муҳоҷирони тоҷикро соати панҷи субҳи 20 феврал дар атрофи шаҳри Домодедово аз ҷои хобашон дастгир карда, аз соати 5 то 19:30 қариб 15 соат дар ҳавои сард нигоҳ дошта, сипас то соати 12-и шаб, боз чоруним соати дигар дар даруни автобус нигоҳ доштаанд ва танҳо баъди ин муҳоҷирони беҳолшударо ба пулис бурдаанд. Аммо дар пулис низ ягон шароит барои боздошти ин қадар муҳоҷир вуҷуд надорад ва бисёрии онҳо, ки тамоми рӯз рӯи по буданд, беҳолона дар рӯи фарши сахту қоқ дароз кашидаанд.

Наворбардор мегӯяд, ки боздоштшудаҳо тақрибан 80 нафаранд ва дар байни онҳо занони тоҷик низ ҳастанд. Ӯ мегӯяд, инак рӯзи дуюм аст, ки онҳо чизе нахӯрдаанд, вале онҳоро на ҷавоб медиҳанд ва на мегузоранд, ки ақаланто ягон мағоза рафта, барои худ ягон хӯрданӣ бихаранд.

Мутаъассифона ингуна масоил, дар байни муҳоҷирини тоҷик кам иттифоқ намеафтад, вале ягон масъули дахлдори ҳукумати Тоҷикистон ингуна масоилро пайгирӣ намекунанд. Мебинем ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардондани як мухолифаш чи гуфтугӯҳо ва додугирифтҳое бо ҳукумати Русия дорад, вале касе барои ин муҳоҷирини кории тоҷик, ки сармояи аслии миллатанд заррае кӯшиш намекунад то каме аз мушкилот ва таҳқирҳое, ки дар хоки кишвари бегона бо онҳо сурат мегирад камтар шавад.

Аз сӯи дигар доди ин муҳоҷиронро ҳатто гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба гӯши ҷомеъаи ҷаҳонӣ намерасонад, ва аз онҳо интизор меравад садои ин мардуми азобкашидаро бишнаванд ва талошҳое барои расондани ин садоҳо ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ сурат гирад.

 

 

боздоштмухолифинмуҳоҷиратМуҳоҷирони тоҷикРусиятаҳқирТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment