Эътирозоти мардумӣ дар Покистон зидди сафари ибни Салмон

Ба гузориши хабаргузории Рисолат, садҳо нафар аз мардуми Покистон дар эътироз ба сафари ибни Салмон тазоҳурот карда ва хостори лағви сафари ӯ ба кишваршон шуданд.

Онон эълом карданд: ибни Салмон, ки роҳии Покистон шавад яқинан ҳадафи аввалш ин аст, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли мо осеб расонад. Зеро ибни Салмон ба ҳар кишваре сафар кунад бо аҳдофи мушаххас шудаи Арабистон намеравад балки пӯшише барои аҳдофи Амрико аст то ба истиқлоли кишварҳо зарба занад.

Яке дигар аз ширкаткунандагон дар эътирозот унвон кард: иртиботе, ки Оли Саъуд бо Исроил ва яҳуд дорад на танҳо ба мусулмонон осеб расонда балки тамоми кишварҳои минтақаро таҳти таъсир қарор додааст. Онҳо Байтулмуқаддасро, ки назди худо мӯҳтарам аст ва назди тамоми фирқаҳои исломӣ арзишманд аст тақдими яҳудиён кардаанд. Мо инро бузургтарин хиёнати қарн медонем, ва тасаввури мо ин аст, ки ӯ барои анҷом додани ин тавтеаи шум ба кишварҳои мухталифи минтақа сафар мекунад.

Мардуми мӯътариз тасреҳ карданд: Оли Саъуд бахше аз шаҷараи хабисаи малъуна ҳастанд ва ҳар ҷои замин фасод ва зулме рух диҳад яқинан Оли Саъуд нақши муҳимме дар он доштаанд. Дар тамоми кишварҳо талош мекунанд, ки ихтилофотро афзоиш диҳанд ва ба он доман зананд, ба хусус дар солҳои ахир дар мушкилоти Сурия ва ё тақвияти ДИИШ ё пас аз қатли Асома бин Лодан мушкилоте, ки дар минтақа рақам хӯрд ҳама тавассути Оли Саъуд будааст.

Лозим ба зикр аст илова бар эътирозоти хиёбонӣ, бархе гурӯҳҳои таъсиргузори мазҳабӣ низ бо баргузории конфронсҳое хостори иттиҳоди тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ барои мумонаъат аз сафари ибни Салмон шуда ва эълом карданд: иҷтимоъи имрӯзи мо ташкилшуда аз гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ, мадорис ва ҳатто аҳзоби сиёсӣ аст, ки зидди Муҳаммад ибни Салмон, ки фарде золим аст ба по хостаанд ва бо сафари ӯ ба Покистон мухолиф ҳастанд.

Арабистони СаудӣМуҳаммад ибни СалмонПокистонсаҳюнисттерроризмэътирозоти мардумӣ
Comments (0)
Add Comment