Пирӯзии бузург дар замини ҳариф

Ин масъала ба қадре ҳаётӣ аст, ки кишварҳои “ситезаҷӯ” алайҳи якдигар, таҳдиди дигареро дар зери унвони “сулҳ ва амният” муаррифӣ мекунад. Конфронсе таҳти унвони “Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна” дар шаҳри Варшава баргузор шуд; конфронсе, ки пеш аз онки шоҳиди ҳузури кишварҳое ҳамчун Эрон, Русия, Туркия, Ироқ ва Сурия ба ҳайси вазнаи аслии мубориза бо терроризм ва бунёдгароӣ дар Ховари Миёна бошад, маҳалле барои кишварҳое аст, ки ё даргири ҷанг алайҳи Яман ҳастанд ва ё ба нақзи ҳуқуқи башар дар Фаластин таъкид доранд.

Ба қалами “Рисолат”; ончи, ки боис шуд ин иҷлос дар конуни таваҷҷӯҳ қарор бигирад, талоши Амрико барои иттиҳоди ҷаҳонӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Беш аз як моҳ аст, ки мақомоти Амрико дар конфронсҳои хабарӣ ва мусоҳибаҳои телевизионӣ, бо тарҳи 6 мавзӯи нишаст, ҳадафи ниҳоии конфронсро “ҷилавгирӣ аз нуфузи Эрон дар кишварҳои минтақа” баён мекунанд.

Конфронс рӯзи чаҳоршанбе 13 феврал бо судури баёнияи муштараке аз сӯи Анҷей Дуда, раисҷумҳури Полша, ва Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико оғоз шуд ва қарор бар ин буд, ки дар сатҳи вузарои хориҷаи кишварҳо идома ёбад. Вузарои хориҷа ва мақомҳои расмии беш аз 60 кишвари ҷаҳон ба Варшава рафтанд то ин нишасти дурӯзаро ба саранҷом бирасонанд. Албатта ҷои холии Федерика Могеринӣ, намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва ҳамчунин ҳузур надоштаи вузарои умури хориҷаи Олмон ва Фаронса ҳам дар ин миён маҳалли таваҷҷӯҳ аст.

Дар миён давлатҳои аврупоӣ Англиси, Италия, Украина, Утриш, Венгрия, Булғория, Литва, Эстония ва Албания вузарои хориҷаи худро ба Варшава эъзом кардаанд. Ҷерми Ҳонт, вазири хориҷаи Англис таъкид кардааст, ки танҳо барои ҳузур дар нишасти марбут ба масъалаи Яман сафари кӯтоҳ ба Варшава хоҳад дошт. Вазири хориҷаи Русия низ, расмае дар баёнияи худ эълон карда буд, ки дар ин нишасти зиддиэронӣ ширкат намекунад.

Ба зоҳир Эрон тавонист кишварҳое ҳамчун Ироқ٬ Туркия ва Лубнонро қонеъ кунад, ки дар нишасти Варшава ҳузур пайдо накунанд. Аммо дипломатҳои бисёре аз кишварҳои арабӣ роҳии Варшава шуданд то дар ин нишаст ҳузур дошта бошанд. Федерика Могеринӣ ба шакли қотеъона, дар мавриди нишасти Варшава мавзеъгирӣ накард ва эълон карда буд, ки ба хотири барномаи дигар дидорҳояш, наметавонад ба Полша биравад. Воқеият ин аст, ки Аврупо дар баробари Амрико, ба шакли ҷиддӣ аз Эрон ҳимоят намекунад, аммо дар айни ҳол талош мекунад ба шакли миёнаравона, нозири моҷаро бошад.

Ончи, ки дар рӯзи аввали конфронс гузашт ин буд, ки ибтикори амали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Майк Помпео, вазири умури хориҷаи кобинаи ӯ барои муқобила бо Эрон ва баргузории нишасте дар Полша барои ташкили як иттиҳоди байналмилалии зиддиэронӣ ба натиҷаи равшане нарасидааст, чароки ағлаби кишварҳои аврупоӣ, бино ба хости Амрико, дар баробар Эрон мавзеи хасмона нагирифтаанд. Албатта шавоҳид нишон медиҳад, ки далели аслии муваффақ набудани Амрико дар таҳрики кишварҳои аврупоӣ алайҳи Эрон, пеш аз онки ба нигариш ва рӯйкарди мустақили Аврупо нисбат ба тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва бозори бузурги Эрон иртибот дошта бошад, ба равобити тираву тори Амрико ва Аврупо дар даврони Доннолд Трамп рабт дорад.

Ҷанги афзоиши таърифаҳои молиётии гумрукӣ, хуруҷи Амрико аз тавофуқи зистмуҳитии Порис, мавозеи нисбатан тунду кинояомези Трамп дар мавриди НАТО ва билохира хуруҷи Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ, танҳо чанд намуна аз ихтилофи назарҳои Амрико ва Аврупоро нишон медиҳад. Бо ин ҳол танҳо Эрон будааст, ки тавонист аз ин оби гелолӯд моҳии худро сайд кунад.

Ҷолиб инки ҳамзамон бо оғози ин иҷлоси дурӯза, Девони байналмилалиии додгустари Лоҳа бо радди эътирози Амрико ба салоҳияти Лоҳа дар шикояти Эрон аз Амрико эълон кард, ки ба зудӣ расидагии моҳиявии ин даъворо оғоз мекунад. Ба ин тартиб дар ҷаласаҳои ояндаи Лоҳа ба ин мавзӯъ пардохта мешавад, ки оё Теҳрон метавонад дороии тавқифшуда тавассути додгоҳи Амрикоро боз пас бигирад ё ин ҳақро надорад.

Эҳтемолаш баид нест, ки ин баробаршавӣ дар эълони раъйи Додгоҳи Лоҳа ба унвони органи қазоии Созмон Милал амдан шакл гирифта бошад. Амде, ки ба Амрико дар ин рӯзи ҳассос бифаҳмонад, ки наметавонад бо сиёсати зуру қудрати худ, салоҳияти бузургтарин созмони ҳуқуқӣ дар ҷаҳонро зери шубҳа барад.

Ҳамроҳии аксари мақомоти кишварҳо дар баргузории конфронси Варшава ва тақобули камназири Додгоҳи Лоҳа дар баробари Амрико, ду рӯйдоди муҳими рӯз ахир буд, ки ба рағми адами ҳузури мустақими Эрон дар Лоҳа ва Полша, муваффақияти муҳиме барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба армағон овард. “Пирӯзии мантиқ ва хиради таомул”  бар “зӯргӯӣ ва адами эҳтироми мутақобил”.

Нишасте, ки аз ҳафтаҳо пеш таблиғоти фаровоне дар мавриди он шуда буд, дар ҳоле рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшнба дар шаҳри Варшава баргузор шуд, ки ширкаткунандагони дар он ҳатто як баёнияи муштарак ҳам содир накарданд.

Нишонаҳои шикасти Варшава ҳатто пеш аз оғози он ҳам қобили мушоҳида буд; замоне, ки мақомоти Амрико ва Полша аз тарси инсирофи густардаи кишварҳо аз ширкат дар нишаст маҷбур шуданд дар зоҳир дастури кори нишастро густардатар карда ва иддао кунанд, ки қарор нест Варшава маҳалле барои бадном кардан Эрон ва тохтан ба як кишвар бошад.

Ҳоло бо тамом шудани ин нишаст, ба қатъият метавон гуфт, ки на танҳо ҳеҷ як аз аҳдофи Амрико ва давлатҳои дар остин парваришёфтаи Амрико бароварда нашуд, балки ин конфронс як гом ба ақаби Амрико ва душманони сулҳу суботи ҷаҳонӣ  будааст ва барои давлатҳои терроризмситез ва муқовамат як пирӯзии бузург будааст.

Дар поён барои беҳтар равшан шудани чароғи ин пирӯзии бузург бояд қайд кард, ки муздурон дар як тарафи дунё машғули тарҳҳои ҷадиди хасмонаи худ ҳастанд, аммо дар сӯи дигар нишасти сеҷонибаи Сочӣ бо ҳузуруи  Эрон, Туркия ва Русия ҳамзомон бо нишасти Варшава бо таъкид ба сулҳу субот кишварҳо мазлум ба кори худ поён дод то ҳосили ду нишаст маълуми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.

АмрикоДоналд ТрампИттиҳоди АврупоМайк ПенсМайк Помпеонишасти ВаршаваФедерика МогеринӣҶумҳурии Исломии ЭронЯман
Comments (0)
Add Comment