Барои сохти таҷҳизоти дифоӣ аз касе иҷоза намегирем

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон душанбе дар маросими чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон тасреҳ кард: Ҳамаи дунё бидонад, ки қудрати ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ба маротиб аз даврони дифои муқаддас бештар аст ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар таҳияи анвои силоҳ ва муҳиммот худкифо шудаанд.

Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба шаҳомат ва ангезаи нерӯҳои мусаллаҳ дар дифоъ аз кишвар гуфт: Ҷаҳониён диданд, бо ирода ва кумаки Эрон, мардуми Сурия, Ироқ ва Лубнон ба пирӯзӣ расиданд ва дар Фаластин ва Яман низ муқовимат дар баробари ишғолгарон ва мутаҷовизон идома дорад.

Вай таъкид кард: Душманон имрӯз ночоранд, кам-кам бо эътироф ба шикастҳои 20 сола ва мудохилоти худ дар минтақа, аз инҷо хориҷ шаванд, то миллатҳои минтақа битавонанд бо озодӣ ба роҳи худ дар тавсеа ва ободонӣ идома диҳанд.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин тасреҳ кард: Ҳузури пуршукӯҳи мардуми Эрон дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ собит кард, тавтеаҳои душманон нақши бар об шудааст ва онҳо ҳаргиз ба аҳдофи худ нахоҳанд расид ва ҷумҳурии исломии Эрон масири худро ҳамонанди 40 соли пеш идома хоҳад дод.

Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла петрошимӣ гуфт: Ҳамаи дунё ба пешрафти бисёр сареи Эрон эътироф доранд.

СурияҲасани РӯҳонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment