2019 – соли ҳалли масоили Душанбе-Теҳрон

Худойбердӣ Холиқназар, ки то чанд рӯз пеш раиси МТС буд, дар ин бора гуфт, ки “Тоҷикистон барои беҳбуди робитаҳо тамоми талошҳоро кард, аммо аз он тараф мо қадами ҷиддиеро намебинем. То ҳол онҳо дархости сафар ба Тоҷикистон ё дархости баргузории музокиротро накардаанд. Мо зидди беҳбуди робитаҳо нестем. Бигзор акнун эрониҳо тасмим бигиранд”.
Ӯ бори дигар иттиҳомоти Душанбе зидди Теҳрон дар бораи сард шудани робитаи ду кишвар такрор кард ва онро ба ҳузури раиси ҲНИТ Муҳйиддин Кабирӣ дар иҷлоси байналмилалии Теҳрон марбут донист.
Худойбердӣ гуфт, ки “Ду кишвар тасмими ҷиддӣ гирифтаанд, ки куллияи мушкилот дар робитаҳои байни худро бартараф созанд. Ман сад дар сад боварӣ дорам, ки имсол мушкилоте, ки дар муносиботи мо пайдо шуданд, ҳалли худро меёбанд.”
Парвиз Муҳаммадзода, муовини раиси МТС, ки қаблан дар ВУХ кор мекард бо изҳори умедворӣ ба беҳтар шудани робитаҳо гуфт: “Имсол сафирони ду кишвар иваз карда мешаванд ва робитаҳо марҳила ба марҳила беҳбуд меёбанд. Вазорати хориҷии Тоҷикистон низ ба чунин назар аст.”
Панҷуми феврал Э. Раҳмон теъдоде аз мансабдоронро аз вазифа озод кард, ки дар миёни онҳо раиси ва муовини МТС ва Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон ба сабаби расидан ба синни нафақа буданд.
Робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон аз соли 2015 сард шуд. Ҷониби Теҳрон аз Тоҷикистон баргардондани пулҳои сармоягузорикардаи Бобаки Занҷонӣ миллиардери зиндонии эрониро талаб кард. Аммо Душанбе Теҳронро ба ҳимоят аз ҲНИТ, ки фаъолияташ аз соли 2015 дар Тоҷикистон манъ шуд муттаҳам кард. Ҳузури Муҳйиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ дар иҷлоси байналмилалии Теҳрон ва дидори чанд дақиқаии ӯ бо Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ бар тирагӣ ва иттиҳомоти Душанбе афзуд.
Баъд аз қиёми муовини вазири дифоъи Тоҷикистон генерал Ҳалим Назаров ва муртабит кардани он бо ҲНИТ ва муттаҳам кардани ҶИЭ ба пуштибонӣ аз онҳо робитаи хубу гарми Душанбе бо Теҳрон сарду тира шуд. Сели мақолаҳо, мусоҳибаҳо, филмҳои “мустанад”,-и фармоишӣ, мавзеъгирии ниҳодҳо, суханрониҳои мақомот, хатибону сиёсатмадорони Тоҷикистон, роҳандозии тазоҳуроти супоришӣ, фишору озор бар хонаводаҳои муҳассилони улуми динӣ дар Эрон барои бозгардондани фарзандону бастагони худ, бузургнамоӣ аз шиа шудани ҳамаи ҲНИТ, ҷавонони тоҷик ва хатарҳои он, таътил кардани ниҳодҳо ва созмонҳои вобаста ба ҶИЭ дар кишвар ва … сарозер шуд. Албатта вақте сафири Арабистони Саудӣ дар соли 2017 дар мусоҳиба бо хабаргузории Риёз, ки расонаӣ шуд гуфт, ки дипломатияи Саудӣ муваффақ шуд, ҶИЭ-ро аз Тоҷикистон биронад, хеле аз ҳақиқатҳои пушти парда ошкор шуд. Ин масъала барои хелаҳо хушоянд набуд ва сафорати Саудӣ маҷбур шуд баъд аз муддате онро такзиб кунад, вале воқеият баён шуда буд. Ҷараёни иттиҳомзанӣ ва сиёҳкунии дӯсти рӯзҳои сахт ва дерини ҷудонашаванда бо суханронии Э. Раҳмон дар моҳи майи соли 2018 ва дар нохунак қарор додани кишвари “дӯст” ба авҷи худ расид. Раисҷумҳури Тоҷикистон расман ҶИЭ-ро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард. Баъд аз ин суханронӣ дар назди бинои сафорати ҶИЭ дар Душанбе тазоҳуроти фармоишӣ ва супоришӣ бо ҳузур чанд даҳ нафар баргузор шуд ва шиорҳои дикташуда бо рӯйкарди эҷоди душманӣ ва кина миёни ду миллати ҷудонашаванда навишта ва фарёд зада шуд.

Теҳрон ҳамеша иттиҳомоти Душанберо расман рад кард ва тарҳ кардан ва доман задан ба онро ба маслиҳати робитаи ду кишвари дӯсту бародар намедонист.
Тоҷикистон дар ҳоле ҲНИТ-ро гуруҳи ифротӣ-террористӣ эълом ва бар он пофишорӣ мекунад, ки раиси ҲНИТ, ки муддате бино бар дархости Душанбе таҳти таъқиби Интерпол буд баъд аз баррасӣ ва набуди делели кофӣ барои иттиҳомоти матраҳшуда аз рӯйхати таҳти таъқиби Интерпол пок шуд ва кишварҳо ва созмонҳо ба далелҳои Душанбе қонеъ нашуданд. Олмон ва Лаҳистон ду кишвари аврупоӣ ҳастанд, ки бештарин мухолифони сиёии Душанбе аз ҷумла раис ва аъзои ҲНИТ-ро паноҳи сиёсӣ додаанд. Борҳо Душанбе аз ин масъала норозигӣ карда ва берун кардани онҳо ё истирдоди онҳоро дархост кардааст. Рӯзи дуюми феврали 2019 сафири Олмон дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе бо Радиои Озодӣ суҳбат карду гуфт: “Ман ба мақомоти тоҷик борҳо гуфтам, ки агар дар бораи қонуншикании ин афрод далел дошта бошед, лутфан расонед. Мо месанҷем ва хулоса мебарорем, аммо қонунӣ будан ё набудани чизеро додгоҳи Олмон маълум мекунад.”
Бозсозӣ ва гарм кардани робита ба замон ва азми устувор ва содиқона ниёз дорад, ки гузари замон онро нишон медиҳад. Ҳамаи касоне, ки хайрхоҳи ояндаи ин ду кишвар ва миллати мусулмону дорои таъриху забон ва фарҳангу ҳувияти ягона ҳастанд аз гармӣ ва самимияти робитаҳо истиқбол мекунанд ва боварӣ доранд, ки ҷуз ин роҳи дигаре нест. Ҳар чӣ ин робитаҳои сард тулонӣ шавад зарари он қобили ҷуброн нахоҳад буд. Умед аст соли 2019 соли наздикӣ ва гармии робита миёни Душанбе-Теҳрон бошем.

гармии робитаДушанбеТеҳрон
Comments (0)
Add Comment