Ҳафтаи оянда маҳори ДИИШ-ро эълом мекунам

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Нишасти якрӯзаи эътилофи амрикоии зидди ДИИШ дар Вашингтон тасреҳ кард, эҳтимол дорад, зарфи ҳафтаи оянда эълом шавад, ки эътилофи амрикоӣ муваффақ шудааст, ДИИШ-ро ба таври сад дар сад дар Сурия ва Ироқ маҳор кунад.

Вай изҳор кард, ДИИШ дигар наметавонад иддао кунад, соҳиби давлат ё хилофати худхонда дар кишварҳои Сурия ва Ироқ аст.

Трамп бо таъкид бар инки бақоёи ДИИШ метавонанд хатарнок бошад, иддао кард, Амрико барои аз байн бурдани ҳар заррае аз ДИИШ мутааҳҳид аст ва аз мардум дар баробари терроризм дифоъ хоҳад кард.

Раисҷумҳури Амрико бо баёни инки мубориза бо терроризм, муборизае муштарак аст, муддаӣ шуд, эътилофи амрикоӣ мубориза бо терроризмро бо кумаки дигарон анҷом медиҳад ва ҳар касе бояд саҳми худро дошта бошад ва кумак кунад.

Ироқ, декабри 2017 озодсозии арозии ин кишварро аз ишғоли ДИИШ эълом кард, аммо фаъолияти парокандаи аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ идома дорад.

АмрикоДИИШДоналд ТрампИроқСурия
Comments (0)
Add Comment