Трамп ба дунболи хуруҷ аз паймони мушакӣ бо Русия

Ба гузориши хабаргузории Рисолат, Доналд Трамп президенти ИМА дар идомаи иқдомоти хориқулодаи худ чанде пеш гуфт аз муоҳидаи мушакӣ-ҳастаии муҳимме, ки солҳо қабл миёни роҳбарони Амрико ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ имзо шуда буд хориҷ мешавад.

Трамп  пайваста Маскавро муттаҳам кардааст, ки бар хилофи муоҳидаи “манъи тавлиди мушакҳои ҳастаии миёнбурд”, ки дар соли 1987 миёни Роналд Рейган ва Михаил Горбачоф ба имзо расид, мушакҳоеро бо бурди бештар аз 500 километр тавлид мекунад, ки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ низ ҳастанд.

Ба эътиқоди расонаҳо манзури аслии Трамп мушакҳои ҷадиди M729–9-и Русия мебошад. Мақомоти ғарбӣ мегӯянд бурди ин мушакҳо ба бештар аз 2500 километр мерасад аммо Маскав таъкид дорад бурди муассири мушакҳо зери 500 километр аст. Маскав ҳатто ин мушакро барои бархе намояндагони низомии кишварҳо ва хабарнигорон ба намоиш гузошт.

Бар асоси мафодди ин паймон, Маскав ва Вашингтон ба сурати ихтиёрӣ тавлиди мушакҳои ҳастаии худро, ки бурди байни 500 то 5500 километр дошт мутаваққиф карданд ва бисёре аз ин мушакҳоро ҳамон замон нобуд сохтанд.

 

Аз сар гирии мусобиқаи таслиҳотии Маскав ва Вашингтон дар ояндаи наздик?

Давлати Амрико чанд моҳи пеш хуруҷи Вашингтон аз паймони манъи тавлиди мушакҳои ҳастаии миёнбурдро ба далели нақзи тавофуқ аз сӯи Маскав эълом кард ва акнун барои як давраи кӯтоҳ иҷрои онро муаллақ кардааст. Дар ҳоле, ки Русия ин иттиҳомотро аз асос иштибоҳ медонад, Майк Помпео вазири хориҷа Амрико иддао агар Маскав ба тааҳҳудоти худ дар ин паймон пойбанд боқи намонад, ИМА то шаш моҳи дигар ба таври комил аз он хориҷ мешавад.

Дар ду моҳи ахир Амрико машғули анҷоми музокироте бо Русия барои тағйир ё чигӯнагии ҳифзи ин муоҳида буд. Бо ин ҳол мақомоти рус ва бархе таҳлилгарон ҳадафи Доналд Трампро мавзӯе фаротар аз ин мушак арзёби мекунанд ва мақсуди ниҳоии вайро хуруҷи комил аз тааҳҳудот ва боло бурдани сатҳи зерсохтҳои мушакӣ ва ҳастаии ин кишвар медонанд.

Ҳол Амрико таҳдид кардааст, ки дар ин сурат Вашингтон ҳам сохти мушакҳои миёнбурди ҳастаиро дар дастури кори худ қарор медиҳад. Рӯзномаи “Гардиян” навишт бо таъйиди хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи ҳастаӣ, президенти ин кишвар таъкид кард “мо пас аз ин иқдом барои тавсеаи гузинаҳои низомии худ ба самти ҷилав ҳаракат мекунем то ба иқдомоти мушакии машкуки Русия посух диҳем”.

Ба навиштаи ин рӯзномаи ангилисӣ, Трамп бо ин ҳол ҳамаи дарҳоро набаст ва барои наҷота паймон мӯҳлати 180 рӯзаеро ба Русия дод то ҳама мушакҳои худро, ки мӯҷиби нақзи ин паймон мешаванд нобуд кунад. ИМА аз соли 2013 иддаоҳои мушобеҳеро бар зидди Русия дар заминаи нақзи муоҳидаи мушакҳои миёнбурд матраҳ кард ва Маскав низ борҳо ин иттиҳомотро рад ва ба тозагӣ ҳам эълом кард, ки бурди мушаки мавриди муноқиша бештар аз 480 километр аст.

Як мақом амрикоӣ, ин давраи 6 моҳаро охирин фурсат барои Русия унвон кард ва афзуд: агар мусобиқаи таслиҳотӣ ба вуҷуд ояд ин Русия аст, ки боиси тазъифи сохтори амнияти ҷаҳонӣ мешавад.

Трамп ҳам дар баёнияи Кох сафед ба Русия ҳушдор дод бо ҳамкории НАТО ва муттаҳидони худ ҳар гӯна бартарии низомиеро, ки Маскав бар асари иқдомоти ғайриқонунии худ касб кардааст, нобуд хоҳад кард.

Нахустин нишона аз шиканандагии авзоъ он аст, ки гарчӣ пеш аз ин Русия эълом карда буд оғозгари фурӯпошии ин тавофуқи муҳим нахоҳад буд аммо пас аз он, ки Кохи сафед эълом кард, ки узвият дар ин муоҳидаи мушакиро ба ҳолати таълиқ дар меовард, Маскав низ иҷрои онро мутаваққиф кард. Владимир Путин, президенти Русия эълом кард, ки Русия ҳам аз паймони манъи мушакҳои миёнбурди атомӣ хориҷ мешавад.

Нашрияи Форбес дар гузорише овардааст, ки хуруҷи Амрико аз тавофуқи мушакӣ, мусобиқаи таслиҳотии ҷадидеро ба роҳ меандозд. Бо шикасти охирин давр аз музокироти Амрико-Русия, президенти Амрико ошкоро таъйид кард, ки ба хотири дифоъ аз шаҳрҳои кишвараш ба дунболи тавсеаи бештари мушакӣ аст.

Ба эътиқоди Форбес, Маскав ва Вашингтон дар ҳоли канор гузоштани тавофуқҳо ҳастанд. Ҷорҷ буш дар даҳаи 1990 аз муоҳидаи мушакҳои баллистик (имзошуда дар соли 1972) хориҷ шуд. Дар посух ба Буш, Путин ҳам аз паймони коҳиши таслиҳоти стратегӣ (имзошуда дар сол 1993) хориҷ шуд. Акнун бо марги паймони “манъи тавлиди мушакҳои ҳастаии миёнбурд” маҳдудиятҳо бар сари тавсеаи мушакҳои миёнбурд ба тавре куллӣ бардошта мешавад.

 

Мусобиқаи таслиҳотӣ, таҳдиде ҷиддӣ барои Аврупо

Гуфта мешавад яке аз муҳимтарин аҳдоф аз имзои паймони манъи тавлиди мушакҳои ҳастаии миёнбурд, таъмини амнияти Аврупо дар давраи ҷанги сард будааст. Акнун бо ин иқдоми Амрико на танҳо ин амният мутазалзил мешавад, балки рақобати таслиҳотии шадиде ҳамчун чанд даҳаи қабл миёни Амрико ва Русия дар хоки Аврупо оғоз мешавад. Албатта Трамп ҳам чандон бемайл нест, ки бо эҷоди фазое ноамн, Аврупоиҳоро ба сӯи худ ва пазириши дархостҳои Кохи сафед дар муқобил Маскав тарғиб кунад.

Яке аз нигарон тарин кишварҳои Аврупоӣ, Олмон аст, ки ба навиштаи хабаргузории Ройтерз ба суръат Ҳайко Масс вазири хориҷаи худро пас аз эъломи назари Вашингтон ба Маскав гусел кард. Вай ҳатто дар сафҳаи Твиттери худ паёме гузошт, ки “бидуни ин паймон, амнияти камтаре вуҷуд хоҳад дошт”. Вай дар сафари худ ба Маскав ҳам таъкид кард муоҳидаи манъи мушакҳои миёнбурди ҳастаӣ Аврупоро амнтар кардааст.

Нигаронӣ  аз тундравии Трамп ва наздикони вай бештар ҳам шудааст. Рӯзномаи Гардиян навиштааст муттаҳидони аврупоии Вашингтон бисёр асабӣ ҳастанд зеро нобудии тавофуқи фавқ мумкин аст боиси такрори рӯзҳои сахти даҳаи 1980-и мелодӣ шавад ва хоки Аврупо ба ҷавлонгоҳи мусобиқаи таслиҳотии мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурд табдил гардад.

Нигарониҳое ҳатто фаротар аз мушакҳои миёнбурд ҳам матраҳ ҳастанд. Ҳанӯз ҳеҷ як аз мақомҳои амрикоӣ ишорае дар мавриди мувофиқат ё мухолифат бо паймони мушакии ҷадиди соли 2010 (New Start Treaty), ки зародхона (силоҳхона)-и ду қудрати бузурги ҳастаиро таҳти кантрол дар меовард накардаанд. Амрико ва Русия мутааҳҳид шуда буданд маҳдудаи 1550 кулоҳаки ҳастаии стратегиро то соли 2021 риоят кунанд. Акнун замони зиёде то поёни давраи ин паймони ҷадид вуҷуд надорад то барои як давраи 5 солаи дигар онро тамдид кард.

Шабакаи хабарии CNN-ҳам хориҷ шудани ИМА аз тавофуқи мушакиро ба зарари Аврупо арзёбӣ кард ва афзуд Трамп аз тариқи ҳамкории воқеӣ бо муттаҳидон худ дар НАТО ва ворид кардани фишори муштарак бар Русия метавонад монеъи Маскав дар ин фароянд шавад. Аммо Трамп монеъи гуфтугӯҳои НАТО дар мавриди паймони мушакӣ шуд то Амрико худро ба сурати комил дар масири хуруҷ аз паймон қарор диҳад.

Ба навиштаи Форбес, ду насл аз тавофуқҳои мушакӣ ва таслиҳотӣ то кунун аз оғози ҷанги сард ҷилавгирӣ карданд. Ин муоҳидаҳо қобили эътимодтарин амнияти ҳастаиро бо талош ва сабри чанд даҳаӣ дар канори дипломосии ҳушмандона ба бор оварданд. Ин муоҳидаҳо ки оварандаи амният буданд ва аз инфиҷорҳои атомӣ пешгирӣ карданд, акнун ба хатар афтодаанд.

АврупоамниятАмрикоДоналд ТрампИМАкохи сафедМаскавПаймони мушакӣПутинРусия
Comments (0)
Add Comment