Путин Киевро ба сӯиистифода аз мазҳаб муттаҳам кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ишора ба вазъияти душвори пайравони калисои ортодокс дар Украина гуфт, судҷӯӣ ва суиистифода аз масоили мазҳабӣ сабаби шиддат ёфтани хусумат дар Украина шудааст.

Путин афзуд, давлати Русия ба истиқлоли калисо эҳтиром мегузорад, бавижа дар Украина, ки барои мардуми он эҳтироми зиёде қоил аст.

Калисои ортодокси мустақил аз Русия дар Украина, авохири соли 2018-и мелодӣ таъсис шуд.

Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина низ аз иқдоми калисои ортодокси ин кишвар барои истиқлол аз калисои ортодокси Русия истиқбол кард.

Comments (0)
Add Comment