Мадуро баргузории интихоботро рад кард

Николас Мадуро гуфт, таслими фишори касоне, ки хоҳони хуруҷи вай аз қудрат ҳастанд, намешавад.

Ҳафтаи гузашта кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Олмон, Испания, Англия, Белгия, Португалия, Фаронса ва Нидерланд дар ҳамроҳӣ бо Амрико ва мудохилаҷуёна ва бетаваҷҷуҳ ба интихоботи баргузоршуда дар Венесуэла, аз Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунӣ ва мунтахаби ин кишвар хостанд, то зарфи муддати ҳашт рӯз муқаддамоти баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳуриро фароҳам кунад.

Ин кишварҳо таҳдид карданд, дар сурате, ки Мадуро дар ин фурсат, интихобот баргузор накунад, Хуан Гувайдо, раҳбари мухолифони Венесуэларо ба унвони раисҷумҳури муваққати ин кишвар ба расмият мешиносанд.

Хуан Гувайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла 23 январи 2019 бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисҷумҳури Венесуэла хонд.

АмрикоАнглияБелгияВенесуэлаинтихоботИспанияНидерландНиколас МадуроОлмонПортугалияХуан Гувайдо
Comments (0)
Add Comment