Дидор бо Поп, муқаддимаи музокироти Арабистону Исроил

Ба гузориши ҳабаргузории Рисолат, Поп Фронсис дар ҳоле ба Аморот ва баъд аз он ба Арабистон хоҳад рафт, ки ин ду кишвар, муҷрими аслии ҷиноят дар Яман ва муттаҳами аслии ҳимоят аз терроризм дар Сурия ва Ироқ ҳастанд. Тибқи асноди мунташир шуда, Арабистон ва Аморот бо харҷи чандин миллиард долларӣ, ҳазинаи ҷангҳои ахири минтақа аз ҷумла ҳузури ДИИШ-ро додаанд. Ба назар мерасад Поп фаромӯш карда, ки як хабарнигор чигӯна дар консулгарии Арабистон дар Туркия пора пора шуд ва ҳатто як сантиметр аз ҷанозаи ӯ пайдо нашуд!

Шояд ҳамалоти террористӣ ба калисо ва даҳҳо маркази муқаддас ва мӯҳтарами назди масеҳиён, тавассути раҳбари католикҳои ҷаҳон фаромӯш шуда, ки бо сафар ба Аморот ва баъд аз он Арабистон, ба таври расмӣ аз кишваре боздид мекунад, ки маҳди терроризм ва такфир аст.

Поп бо сафар ба Аморот расман нишон дод бар хилофи иддаои худ мабнӣ бар талаби сулҳ ва саломатӣ барои ҷаҳон, аз кишваре террористӣ дидан хоҳад кард. Ҷудо аз инки ин сафар чӣ натиҷае дорад ва оё теъдоди масеҳиёни Аморот ё Арабистон ба ҳадде аст, ки Поп аз он дидан кунад, бояд гуфт ҳадафи ин сафар аммо печидатар ва муҳимтар аст. Аз як сӯ, Арабистон ва Аморот дар шадидтарин фишорҳои байналмилалӣ ва расонаӣ қарор доранд ва афкори умумӣ расман онҳоро нақз кунандаи ҳуқуқи башар дар минтақа медонанд ва аз тарафе дидори сарони ин ҳукуматҳо бо Поп фурсати муносибе аст то чеҳраи хашини худро ба дӯстдори гуфтугӯи миёни адён ва мазоҳиб муаррифӣ кунанд. Албатта набояд фаромӯш кард, мадорис ва масоҷиди гурӯҳҳои такфирӣ дар Аврупо бо ҳазинаи Арабистон ва бо будҷаи расмии ин кишвар сохта шудааст. Дар ҳоли ҳозир аввалин баҳра бардории Арабистон ва Аморот аз ин сафар, дидор бо Поп ва эҷоди тағйир дар зеҳнияти афкори умумии дунё ва муаррифии худ ба унвони ду кишвари ҳофизи сулҳ аст.

Аммо хабарҳои дигаре низ вуҷуд дорад. Дидори Поп шурӯъи ҷадиди масъалаи муомилаи қарн ва суръат гирифтани музокироти мустақими миёни Телавив ва Риёз аст. Ба тавре, ки дар ин дидор масъалаи мусолиҳа ва мусомиҳаи байни адён матраҳ хоҳад шуд ва Риёз баъд аз он, сухан аз гуфтугӯи миёни ислом ва яҳуд ва дар ниҳоят кишварҳои арабӣ бо Исроил хоҳад гуфт. Дар воқеъ Риёз аз ин фурсат барои идомаи равобит бо Исроил ва беҳбудии музокироти сулҳ ва низ гуфтугӯи миёни адён истифода мекунад то ба музокироти худ машруъият ва мақбулияти байналмилалӣ диҳад. Бояд мунтазир монд ва дид натиҷаи ин музокирот ва дидор ба куҷо хоҳад кашид ва оё Риёз пушти сари ин дидор, тарҳи гуфтугӯи миёни ислом ва яҳудро, ки пӯшише барои музокироти кишварҳои арабӣ ва Исроил ва муомилаи қарн аст, анҷом медиҳад ё не ?

Амороти Муттаҳидаи арабӣАрабистони Саудӣдини Исломдини яҳудИсроилҚатли ХошуқчӣМуомилаи қарнПоп ФронсистерроризмЯман
Comments (0)
Add Comment