“Адам Шиф”, раиси кумитаи иттилооти маҷлиси сенои Амрико мегӯяд: Конгиреси ин кишвар иҷозати террори сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро ба артиши Амрико надодааст.
Шиф дар Твиттери баъд аз такрори иттиҳомоти беасос алайҳи сардор Сулаймонӣ навишт: “Конгирес иҷозати террори ӯро надод ва мардуми Амрико ҷанг бо Эрон намехоҳанд”.
Шиф дар идома навишт: “Акнун бояд ҳама гомҳои лозимро барои муҳофизат аз неруҳоямон дар баробари ташдиди ногузири танишҳо ва мухотирот бардорем”.
Сипоҳи посдорон дар иттилоияи худ овардааст: “Сардори сарафрози Ислом ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ пас аз умре муҷоҳидат бомдоди имрӯз дар ҳамлаи болгардҳои Амрикоӣ ба шаҳодат расид”.
“Аҳмад Ал-Асадӣ”, як сухангӯи неруҳои басиҷи мардуми Ироқ ба рӯйтерз гуфт: “Амрико ва Исроил масъули қатли ду муҷоҳид, Абӯмаҳдӣ Муҳандис ва Қосим Сулаймонӣ ҳастанд”.