Фармондиҳии марказии иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард : беш аз ниме аз нерӯҳои мо токунун аз Афғонистон хориҷ шудаанд .
Дар ин баёния ҳамчунин омада, то кунун 500 ҳавопаймои бории “C-17”, ҳомили таҷҳизот аз Афғонистон хориҷ шудааст .
Тибқи ин баёния, то кунун 13 ҳазор қитъа силоҳ ҳам ба хориҷи Афғонистон мунтақил шуда ва 6 таъсисот ҳам ба артиши Афғонистон таҳвил дода шудааст .
Амрико ҳамчунин эълом кард, ки аз ин ба баъд ба далоили амниятӣ мизони пешрафти мушаххасе аз хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон эълом нахоҳад шуд .