Раиси Ҷумҳури Чин ба Тоҷикистон омад

Қарор аст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Қарор аст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Ба гузориши манбаъ:

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.

Ӯро шоми 4 июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон шахсан истиқбол кард.

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай роҳбари Чинро истиқбол намуданд.

Ҳамчунин дар ин макон барномаи кутоҳи фарҳангӣ бо намоиш аз фарҳанги кишварҳо сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии президенти Чин то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар қарор аст, ки зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳо бинои нави парлумони Тоҷикистон, ки бо кумаки бебозгашти Чин бунёд шуд, ифтитоҳ намоянд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.

Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад