Даври дувуми интихоботи президентӣ дар ҶИЭ аз нигоҳи расонаҳои ҷаҳонӣ

Даври дувуми интихоботи президентӣ дар ҶИЭ бо бозтоби густардаи расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудааст.

Баргузории интихоботи президентӣ дар Эрон ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои матраҳи хабарӣ дар саросари ҷаҳон будааст. Расонаҳои арабӣ низ ба сурати густарда ба пӯшиши даври дувум аз интихоботи президентии Эрон пардохтаанд.

Шабакаи Алҷазира ҳамзамон бо оғози даври дувуми интихоботи президентӣ дар Эрон ба пӯшиши ин рӯйдод пардохтааст.

Алфурот Ниюзи Ироқ ҳам эълон кард, ки даври дувуми интихоботи президентии Эрон шурӯъ шудааст.

Ин расонаи ироқӣ дар идома аз сафи тӯлонии раъйдиҳандагон дар шаҳри Қуми Эрон тайи дақиқаҳои нахусти фароянди раъйгирӣ хабар дод.

Шабакаи Алмасираи Яман низ гузориш дод: даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии Эрон оғоз шуд ва Имом Хоманаӣ раъйи худро дар даври сарнавиштсоз аз рақобатҳои интихоботӣ ба сандуқ андохт.

Шабакаи Алмаёдин низ бо ишора ба шуруи интихоботи президентии Эрон гузориш дод: раъйдиҳандагони эронӣ дар даври дувум ва сарнавиштсози интихоботи президентӣ ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Хабарнигори Алмаёдин аз иқболи густарда ба интихобот хабар дод.

Хабаргузории Спутники Русия низ гузорише аз шуруи раъйгирӣ дар интихоботи президентии Эрон дод.

Тасовири хабаргузории Спутники Русия аз интихоботи президентии Эрон, ки раъйдиҳандагонро дар саф барои андохтани раъйҳои худ ба сандуқ нишон медиҳад.

Хабаргузории Ироқ Воъ низ ба пӯшиши интихоботи президентӣ пардохтааст.

Бахши арабии CNN низ дар хусуси интихоботи Эрон навишт: даври дувуми интихоботи президентии Эрон дар соати ҳашти субҳ ба вақт маҳаллӣ дар марокизи раъйдеҳии дохили кишвар ва хориҷи он оғоз шуд. Масъуди Пизишкиён, номзади ислоҳталабон ва Саиди Ҷалилӣ, номзади усулгароён дар ин давр аз интихобот бо якдигар рақобат мекунанд. Бо оғози раванди ахзи раъй, раҳбари Эрон низ раъйи худро ба сандуқ андохт.

Алшарқ дар ин бора гузориш дод: даври дувуми интихоботи Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки минтақаи шоҳиди даргириҳои шадид дар Навори Ғазза аз 9 моҳи қабл токунун аст. Раисҷумҳури Эрон аз ҳар ҷиноҳе, ки бошад тағйире дар сиёсатҳои ин кишвар дар заминаи барномаи ҳастаӣ ва ё ҳимоят аз ҷараёнҳои муқовимат дар минтақа эҷод намешавад.

Хабаргузории Воми Иморот дар ин хусус навишт: субҳи имрӯз даври дувуми интихоботи президентии Эрон бо рақобати Саиди Ҷалилӣ ва Масъуди Пизишкиён оғоз шуд. Дар даври нахуст ҳеҷ кадом аз чаҳор номзади интихобот натавонистанд аксарияти раъйҳоро ба даст оваранд. Бар асоси қавонини Эрон тамоми касоне, ки тобеияти ин кишварро доранд ва 18 сол ба боло ҳастанд, метавонанд дар интихобот ширкат кунанд.

Россия Сегодня низ бо интишори тасвири раҳбари ҶИЭ навишт: раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин соатҳои субҳи имрӯз раъйи худро ба сандуқ андохт. Ишон дар замони раъй додан таъкид кард, ки имрӯз рӯзи муҳиме барои таъйини сарнавишти кишвар аст.

Бахши арабии TRT дар ин бора гузориш дод: Пизишкиён ва Ҷалилӣ 2 номзаде ҳастанд, ки мардуми Эрон бояд дар ин давр аз интихоботи президентӣ яке аз онҳоро интихоб кунанд. Раҳбари Эрон дар нахустин соатҳои оғози раъйгирӣ, раъйи худро дар сандуқ андохт. Натиҷаи ниҳоии ин интихобот тайи фардо шанбе эълон хоҳад шуд.

Телевизиони арабӣ низ дар ин бора навишт: мардуми Эрон аз субҳи имрӯз барои андохтани раъйҳои худ дар сандуқҳои раъй ба марокизи махсус муроҷиа мекунанд, то чаҳордаҳумин раисҷумҳури ин кишварро таъйин кунанд. Дар ҷараёни мунозира миёни 2 номзад интихобот Эрон, мавзуъҳое монанди авзои иқтисодии Эрон ва равобити байналмилал ва масъалаи интернит дар кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Анатоли навиштааст, ки шуъбаҳои раъйдеҳӣ дар саросари Эрон боз шудааст ва дар идома ба ироаи омор ва арқоми даври нахуст ва мизони мушорикат пардохт ва навишт, ки ин барои нахустин бор баъд аз беш аз 19 сол аст, ки интихоботи президентӣ дар Эрон ба даври дувум кашида мешавад. Анатоли дар идома навишт, ки раванд ҳудуди 10 соатаи раъйгирӣ дар Эрон эҳтимолан тамдид хоҳад шуд.

Рӯйтерз бо интишори тасовире аз ҳузури мардум Эрон пойи сандуқҳои раъй дар оғозин соатҳои одинаи доғи тобистонӣ, навишт, ки даври дувуми интихоботи президентии Эрон, бо танишҳои минтақаӣ ноши аз ҷанги Ғазза ва ҳамчунин таниш миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҳамзамонӣ пайдо кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад