Антониу Гутерриш: Тоҷикистон кишвари хурд дар ҷаҳон, аммо таъсиргузор аст

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, 5 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, 5 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”.

Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намуд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.

хадамоти матбуоти президент дар ин бора иттилоъ додааст: “Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид”.

Мавзӯҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти татбиқи “Эъломияи Душанбе” аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва амалисозии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ равона гардидааст, андешаронӣ намуданд.

Дар ин зимн ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ ба мақсади таъмини маблағгузории мунтазам ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо доир ба таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, бахусус натиҷаи пайомадҳои манфии ин раванд табодули андеша намуданд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳу амният, инкишофи илму технология ва истифодаи навовариҳо, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҷонибдорӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад