Путин: Русия ба Чин дар ҳифзи манофеаш кумак мекунад

Раисҷумҳури Русия шомгоҳи чаҳоршанбе бо баёни ин ки Маскав дар дифои Чин аз ҳуқуқаш ба ин кишвар кумак мекунад, гуфт, ки Маскав бо дахолати кишварҳои дигар дар умури дохили Пекин мухолиф аст.

Веладимир Путин, раисҷумҳури Русия шомгоҳи чаҳоршанбе дар дидор бо “Ши Ҷинпинг” ҳамтои чинии худ, бо дахолати хориҷӣ дар умури дохилии Пекин мухолифат кард.

Веладимир Путин тайи дидор бо Ши Ҷинпинг дар остона, гуфт, ки Русия аз Чин дар ҳифозати манофеъ ва дифоъ аз ҳуқуқи худ ҳимоят мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай дар инбора тавзеҳ дод: «Русия аз Чин дар дифоъ аз манофеи аслӣ ва ҳуқуқи қонунии худ ҳимоят карда ва бо дахолати хориҷӣ дар умури дохилии Чин ва мавзӯъи дарёии Чини ҷанубӣ мухолиф аст».

Кохи Кремл низ дар баёнияе гуфт, ки руасои ҷумҳури Русия ва Чин дар бораи тамоми заминаҳои равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд ва дар мавриди масоили минтақаӣ табодули назар карданд.

Тибқи ин гузориш, дар ин баёния омадааст: «Онҳо ба вузӯҳ ба беҳудагии ҳаргуна чорчуб барои ҳалу фасли вазъияти Украина бидуни мушорикати Русия ишора карданд».

Дар ҳамин робита раисҷумҳури Чин Ши Ҷинпинг шомгоҳи чаҳоршанбе гуфт, ки Пекин ба идома додани талошҳо барои ҳалли буҳрони Украина идома медиҳад.

Ши Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин шомгоҳи чаҳоршанбе бар тадовуми талоши ин кишвар барои ҳалли буҳрони Украина таъкид кард.

Ши Ҷинпинг, тайи дидор бо Веладимир Путин, раисҷумҳури Русия дар шаҳри Остона гуфт: «Чин омода идомаи талошҳои мусбат барои ҳалу фасли сиёсии буҳрони Украина аст».

Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», Путин низ бо баёни ин ки Маскав дар дифои Чин аз ҳуқуқаш ба ин кишвар кумак мекунад, гуфт, ки Маскав бо дахолати кишварҳои дигар дар умур дохилии Пекин мухолиф аст.

Кохи Кремл низ дар баёнияе гуфт, ки руасои ҷумҳури Русия ва Чин дар бораи тамоми заминаҳои равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд ва дар мавриди масоили минтақаӣ табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад