Баёноти муҳими имрӯзи имом Хоманаӣ дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии ҶИЭ

Пасфардо мо интихобот дорем. Ин интихобот хеле муҳим аст; қаблан ҳам мо гуфтем. Албатта, дар марҳилаи аввали интихобот мушорикати мардум, ончунон ки инсон таваққуъ дошт, набуд; камтар аз он миқдоре буд, ки таваққуъ доштем ва афроди мухталифе дар бораи мизони мушорикат ҳадс мезаданд; ҳамаи ҳадсҳо бештар аз он чи буд, ки дар воқеъ иттифоқ афтод.

Хуб, ин (мушорикати ками мардум) иллатҳое дорад ва касоне, ки аҳли сиёсат ва ҷомеашиносӣ ҳастанд, ин иллатҳоро баррасӣ мекунанд. Он чи мусаллам аст, ин аст, ки агар касе тасаввур кунад, ки ин иддае, ки раъй надоданд, ба хотири ин буд, ки бо низом(-и исломӣ) мухолиф буданд, сахт дар иштибоҳ аст. Ин бардошт ва фаҳм сад дар сад иштибоҳ аст. Бале, мумкин аст, як теъдоде касоне ҳастанд, ки аз як масъул хушашон наояд ё касоне бошанд, ки аз асли низом хушашон наояд, на ин ки мо ҳамчун афроде надорем, чаро, дар кишвар ҳастанд, озодона ҳарф мезананд ва ҳарфҳояшонро мешунавем ва ҳам медонем, ки чи мегӯянд, яъне ин тавр нест, ки аз чашмҳо пинҳон бошанд ва дида нашаванд. Медонем ва мешиносем, ки касоне ҳастанд, ки бо асли ин низом ва асли ташкилоти исломии ҳукумат хеле мувофиқате надоранд. Хуб бале, инҳо ҳастанд, локин ин ки мо ҳар касеро, ки раъй надод, ба инҳо мулҳақ кунем, хеле хатои бузургест. Ин хаторо набояд касоне муртакиб шаванд. Не, (мумкин аст фард) мушкил ва гирифторӣ ва кор дорад ё ҳавсала ва вақт надорад; анвоъ ва ақсоми мавонеъ барои ин кор вуҷуд дорад. Ҳоло умедворем, ки ин шоа Аллоҳ ин марҳилаи дувум иҷтимои мардум шавқангез ва мояи обрӯ барои низоми исломӣ бошад.

Инро борҳо арз кардем, ки мушорикати мардум барои низоми Ҷумҳурии Исломӣ пуштивона ва мояи обрӯ ва сарбаландист. Агар чунончи мардум мушорикати возеҳтару беҳтар ва равшантаре дошта бошанд, низоми Ҷумҳурии Исломӣ ин тавоноиро пайдо хоҳад кард, ки ҳарф, ниёт ва мақосиди худашро чи дар дохили кишвар ва чи дар маҷмуаи имтидоди роҳбурдии кишвар таҳаққуқ бахшад ва ин барои кишвар фурсати хеле бузургест.

Умедворем, ин шоа Аллоҳ, Худои Мутаол дилҳои ҳамаи моро ба он чи мавриди ризои ӯст, ҳидоят кунад ва ҳамаи касоне, ки Исломро дӯст доранд; Ҷумҳурии Исломии Эронро дӯст доранд; пешрафти кишвар ва беҳбуди авзои кишвар ва пур кардани халаъҳоро дӯст доранд; ба василаи ороашон инро дар рӯзи ҷумъа, ки пасфардо аст, ироа кунанд ва нишон диҳанд. Худованд тавфиқ диҳад, ки битавонанд беҳтаринро интихоб кунанд; касе, ки битавонад ин шоа Аллоҳ ин аҳдофро дар кишвар таҳаққуқ бахшад (ва амалӣ кунад). 13/03/1403 ҳ.ш. 3/07/2024 м.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад