Эрон: Сукут дар муқобили ҷинояти саҳюнистҳо дур аз инсоният аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҷиноёти нотамоми саҳюнистҳо дар Ғазза эълом кард: Сукут ва бетафовутӣ дар муқобили ин ҳама ҷинояту ваҳшигарӣ ба дур аз масъулияти инсонӣ ва ахлоқӣ ва дар маҳкамаи виҷдони башарӣ ва дар маҳкамаи илоҳӣ ғайри қобили қабул ва маҳкум аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҷиноёти нотамоми саҳюнистҳо дар Ғазза дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Дарду доғҳои ворида бар пайкари Фаластин ва сокинони Навори Ғазза ғайриқобили тавсиф аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа бо баёни ин ки масъулияти Амрико ва соири ҳомиёни режими ҷиноятпешаи Исроил дар тадовуми ин ҷиноёти даҳшатнок, заррае камтар аз Исроил нест, гуфт: Мммо сукут ва бетафовутӣ дар муқобили ин ҳама ҷинояту ваҳшигарӣ низ ба дур аз масъулияти инсонӣ ва ахлоқӣ ва дар маҳкамаи виҷдони башарӣ ва дар маҳкамаи илоҳӣ қобили қабул набуда ва маҳкум аст.

270 рӯз аз ҷанг дар Ғазза мегузарад ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон ҳамалоти худро ба ин борика ташдид кардааст, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ низ бомдоди имрӯз, сешанбе, шаҳрҳои Рафаҳ ва ХонЮнус воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад