Талоши саҳюнистҳо барои фирор аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ

Пас аз ихтилофҳои фаровон байни саҳюнистҳо, ҳоло ин режими кӯдаккуш дар талош барои фирор аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ аст.

Расонаҳои ибрӣ бо эълони ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз таҳдид барои ҳамла ба Лубнон гузориш доданд, ки мақомоти исроилӣ ба думболи эҷоди ривоятҳои дурӯғин барои тавҷеҳи адами вуруд ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳ ҳастанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти саҳюнист тайи рӯзҳои гузашта дар ҳоли ақибнишинӣ аз таҳдидоти худ барои густариши ҳамла алайҳи Лубнон ҳастанд, расонаҳои ибрӣ эълон карданд, ки Исроил омодаи тавофуқ бо Лубнон барои поён додан ба даргириҳо аст.

Такопӯи саҳюнистҳо барои тавҷеҳи фирор аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ

Шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ дар ин замина гузориш дод: мақомоти исроилӣ дар талош ҳастанд ривояти гумроҳкунанда эҷод кунанд ва аз тариқи он иддао кунанд, дастовардҳои бузурге дар ҷабҳаи шимолӣ муқобили Лубнон касб кардаанд, то ба ин тартиб адами вуруд ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳро тавҷеҳ кунанд.

Навъом Амир, таҳлилгари умури низомӣ дар шабакаи 14 режими саҳюнистӣ дар ин замина гуфт: шавоҳид нишон медиҳад, ки Исроил ба думболи нардабоне барои поин омадан аз дарахти ҷанг дар шимол (ақибнишинӣ аз таҳдид барои ҳамла ба Лубнон) аст. Дар ин замина мақомоти исроилӣ дар ҳоли омода шудан барои достонсароӣ дар бораи дастовардҳои бузург муқобили Ҳизбуллоҳ ҳастанд, то бигӯянд, ки бо вуҷуди ин дастовардҳо, дигар ниёзе ба ҷанг дар шимол надорем.

Ҳамчунин маҷаллаи Опеки режими саҳюнистӣ дар гузорише эълон кард, ки Исроил омодаи тавофуқи сиёсӣ барои поён додан ба даргириҳо бо Ҳизбуллоҳ аст.

Исроил таҳдидҳои худ алайҳи Лубнонро пас гирифтааст

Ин расонаи саҳюнистӣ бо истинод ба манобеи сиёсии аршади таъкид кард: ниҳоди сиёсии Исроил тарҷеҳ медиҳад бо Ҳизбуллоҳ ба тавофуқ бирасад, то ба ин тартиб исроилиҳо битавонанд ба шаҳракҳои шимолӣ бозгарданд.

Аз тарафи дигар рӯзномаи ибрии Идиъут Оҳоронут дар сармақолаи ҷадиди худ эълон кард, ки ҳеҷ кас хостори ҷанг бо Лубнон нест ва Исроил таҳдидҳои худ дар бораи ҷангро пас гирифтааст.

Самдор Бери, нависандаи ин мақола таъкид кард: бояд ба таҳаввулҳои рӯзҳои ахир таваҷҷуҳ кунем; ҷое, ки Галант (вазири ҷанги режими саҳюнистӣ) сафари худро дар Вашингтон ба поён расонд ва тайи он бо мақомоти аршади давлати Амрико дар мавриди вазъияти Навори Ғазза ва ҳамчунин ҷабҳаи шимолӣ дар марзи Лубнон гуфтугӯ кард.

Дар идомаи ин мақола омадааст: Галант дар Амрико бо Омус Ҳукштайн, мушовираи вижаи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, Луйд Остин, вазири дифоъ ва Антони Блинкин, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дидор кард. Баъд аз он амрикоиҳо бо Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири давлати муваққати Лубнон тамос гирифта ва аз ӯ хостанд ба самти оромиш ва оташбас дар ҷануби Лубнон ҳаракат кунад.

Ин нависандаи саҳюнист тасреҳ кард: Наҷиб Миқотӣ ба ин натиҷа расидааст, ки таҳдидҳои Исроил дар воқеъ ҷанги равонӣ аст. Ӯ дар муқобили дӯрбинҳои телевизион истод ва эълон кард, ки Лубнон ба думболи ҷанг нест ва кишвари сулҳ аст. Аммо Миқотӣ ҳамзамон муроқиб буд, то ҳимояти худ аз Ҳизбуллоҳро низ эълон кунад ва гуфт, ки мо дар канори Ҳизбуллоҳ, ки аз марзҳои Лубнон дифоъ мекунад, истодаем.

Рӯзномаи ибрии Идиъут Оҳоронут дар идомаи ин мақола таъкид кард: ҳамчунин мақомоти исроилӣ ҳам таҳдидҳои худро барои ҳамла ба Лубнон пас гирифтаанд. Дар воқеъ ҳама ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷанг ба нафъи ҳеҷ кас нест ва Исроил ҳам медонад ин ҷанг натиҷае нахоҳад дошт.

Дар ҳоле, ки мақомоти саҳюнист ба вижа шахси Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими ишғолгар тайи ҳафтаҳои гузашта лаффозиҳои худ алайҳи Лубнонро ташдид ва таҳдид ба густариши ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ мекарданд, Галант, вазири ҷанги ин режим дар чанд рӯзи гузашта ба таври ошкор аз таҳдидҳои худ дар ҳамлаи густарда ба Лубнон ақибнишинӣ карда ва хостори дар пеш гирифтани як роҳкори сиёсӣ барои ҳалли даргириҳо бо Ҳизбуллоҳ шуд.

Расонаҳои ибрӣ дар ин замина эълон карданд, ки Галант дар байни нишасти кобина талош кард, то роҳе барои оташбас бо Лубнон пайдо кунад.

Ин расонаҳо гузориш доданд, ки Рон Дример, вазири умури роҳбурдӣ ва Нетаняҳу дар посух ба дархости Галант, барои ором кардани авзоъ дар шимол гуфтанд, ки агар дар изои бархе ҳамоҳангиҳо имкони ҷилавгирӣ аз ҷанг бо Лубнон вуҷуд дошта бошад, хуб аст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл яке аз афсарони аршади неруи ҳавоии артиши Исроил, ки бо ҷузъиёти тарҳҳои ҷангӣ ошноӣ дорад, тайи номае ба Ситоди кулли ин артиш, дар бораи оғози амалиёти низомии густарда алайҳи Лубнон ба ҳар қимате ҳушдор дода ва аз фармондеҳони артиш хост, то ба мақомоти сиёсӣ иттилоъ диҳанд, ки артиш омодаи ҷанги мустамар дар Лубнон нест ва ҷанг бо Лубнон, Исроилро ба фоҷиаи роҳбурдие, ки бисёр бузургтар аз фоҷиаи 7-и октябр аст, савқ медиҳад.

Рӯзномаи Маориу ҳам дар гузорише ба қалами Олун ибни Дейвид, нависанда ва коршиноси саҳюнист таъкид кард: артиш акнун барои ҷанги густарда дар Лубнон ҳеҷ гуна омодагие надорад ва наметавонад ба як дастоварди бузург муқобили Ҳизбуллоҳ бирасад ё воқеияти ҷабҳаи шимолиро ба шакли драматик тағйир диҳад. Дар беҳтарин ҳолат ҷанги густурда дар шимол ба як ҳалли бад ва баҳои дарднок барои Исроил хатм хоҳад шуд.

Шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ ҳам дар гузорише эълон кард: Ҳизбуллоҳ бисёр бештар аз он чизе, ки мо битавонем таҳаммул кунем Исроилро таҳқир кардааст ва бинобарин мақомоти исроилӣ бояд коре барои исботи тавони худ дар идораи ҷанг дар ду ҷабҳа анҷом медоданд. Аммо мебинем, ки мақомот ҳамчун Галант, ки Лубнонро таҳдид ба бозгашт ба асри ҳаҷар (сангӣ) мекард, имрӯз аз таҳдидҳои худ ақибнишинӣ карда ва ба думболи ёфтани гузинаи сиёсӣ барои поён додан ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад