Афзоиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия

Вазири корҳои дохилаи Русия таъкид кард, ки бархе аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши густурдаи ҷомеа мешаванд.

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ӯ дар ин бора илова кардааст: “Теъдоди ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст”.
Ба гуфтаи вай, чунин раванд дар тамоми ниҳодҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад.
“Дар ҳақиқат онҳо фаъолтар шуданд”, – гуфт оқои Колоколтсев дар маҷлиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии чинояткорӣ.
Илова бар ин, баъзе амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши васеи ҷомеа мегарданд, ки боиси афзоиши бадбинӣ байни миллатҳо мегардад.
Колоколтсев афзуд: “Масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба салоҳияти бисёр идораҳо, инчунин мақомоти вилоятҳо дахл доранд ва бояд бо талошҳои муштарак ҳал шаванд”.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, гуфт Ирина Волк, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳамаи онҳо қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал 2024”, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.
Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуда, беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад