Гузориши талхи СММ аз вазъияти ғайри инсонии занони Ғазза

Гузориши Созмони Милал нишон медиҳад, занон ва ба хусус занони бордор дар бадтарин шароит қарор доранд ва вазъияти бадеро мегузаронанд.

Ниҳоди занони Созмони Милал дар гузорише бо ишора ба вазъияти фоҷиабори занони Ғазза таъкид кард, ки садҳо ҳазор тан аз ин занон бо ноамнии шадиди ғизоӣ мувоҷеҳанд ва 99дарсади занони бордор ва модарони ширдеҳ муроқибатҳои беҳдоштӣ ва тағзияи солим ва кофӣ дарёфт намекунанд.

Дар ҳоле, ки тибқи омори мавҷуд, бузургтарин қурбониёни ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, занон ва кӯдакон ҳастанд, ниҳоди занони Созмони Милал дар гузориши ҷадиди худ ба вазъияти фоҷиабори занони Ғазза ишора ва эълон кард: дастикам 557 ҳазор зан дар Навори Ғазза бо ноамнии шадиди ғизоӣ мувоҷеҳанд, ки ҳамин масъала паёмадҳои ваҳшатноке барои онҳо дорад.

Ин ниҳоди Созмони Милал дар гузорише ба ин манзур таъкид кард: вазъияти фоҷиабори ноамнии ғизоӣ дар Ғазза, бисёре аз занонро маҷбӯр мекунад ваъдаҳои ғизоии худро ҳазф кунанд ва ғизоеро, ки ба даст меоваранд, ба фарзандонашон бидиҳанд.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: дар ҷараёни даргириҳои шадид дар Навори Ғазза, бори бузурге бар дӯши занон қарор дорад, дастрасии онҳо ба хадамоти мавриди ниёзашон бисёр маҳдуд аст ва саломат ва амнияти ғизоии онҳо дар хатар аст. Тибқи як назарсанҷие, ки ахиран аз мардуми саросари Навори Ғазза анҷом шудааст, ноамнии ғизоӣ таъсири бисёр баде бар занони Ғазза гузоштааст.

Бар асоси ин гузориш, ноамнии ғизоӣ ва сӯи тағзияи шадид дар Ғазза дар ҳоли густариш аст ва аз ҳар 10 зане, ки дар Навори Ғазза дар ин назарсанҷӣ ширкат карданд, 7 нафар гуфтанд, ки тайи як моҳи гузашта ба шиддат бо коҳиши вазн мувоҷеҳ буданд ва беш аз ниме аз онҳо дучори саргиҷаҳои пуртакрор шудаанд.

Вазъияти фоҷиабори занони бордор ва модарони ширдеҳ дар Ғазза

Ниҳоди занони Созмони Милал бо ишора ба инки беш аз 80 дарсади мардуми Ғазза барои таъмини ниёзҳои ғизоии худ ба кумакҳои ғизоӣ, ки аз хориҷи Ғазза ворид мешавад, вобаста ҳастанд, таъкид кард: кумакҳои ғизоӣ дар Навори Ғазза аслан ба шакли одилона тавзеъ намешавад, дар ин миён занони бордор ва ширдеҳ ба далели адами дарёфти муроқибатҳои пизишкӣ ва сӯи тағзия бо хатарҳои бештаре мувоҷеҳ ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, 76 дарсад аз занони бордор дар Навори Ғазза аз камхунии шадид ранҷ мебаранд ва 99 дарсади онҳо бо чолишҳои зиёде дар дастрасӣ ба маҳсулоти ғизоӣ ва мукаммилҳои зарурӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки ҳамин масъала саломати модарон ва кӯдаконро ба хатар меандозад, ҳамчунин 99 дарсади модарони ширдеҳ наметавонанд шири кофӣ ба навзодони худ бидиҳанд, ки ҳамин масъала рушд ва саломати навзодонро ба хатар меандозад.

Ниҳоди мазкури Созмони Милал тасреҳ кард: ҳамчунин 69 дарсад аз занони Ғазза барои дуруст кардани ғизо ба равишҳои ошпазии ноэмин монанди истифода аз маводи зоид такя кардаанд, ки хатарҳои зиёде барои саломатии онҳо дорад. Ин занон дар маърази дӯд ва олояндаҳои хатарнок қарор мегиранд, ки сабаби мушкилоти танаффусӣ ва дигар мушкилоти ҷисмӣ мешавад.

Ҳамчунин коршиносони Созмони Милал дар баёнияе эълон карданд, ки занон ва духтарон ва кӯдакони Ғазза беш аз дигар ғайринизомиён дар маърази хатар қарор доранд. Неруҳои режими саҳюнистӣ бузургтарин бахши дармонии борварӣ (барои занон) дар Навори Ғаззаро, ки тибқи гузоришҳо 3000 ҷанин дар он нигаҳдорӣ мешуд, мунҳадим карданд. Беш аз 183 зан рӯзона дар Ғазза миёни шароити ваҳшатнок дар ҳоле, ки ҳатто доруи мусаккин ҳам пайдо намешавад зоймон мекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки садҳо навзод ба далели набуди барқ барои роҳандозии дастгоҳҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст: ин шароити ваҳшатнок сабаби афзоиши сиқти ҷанин миёни модарон дар Навори Ғазза то 300 дарсад шудааст ва 95 дарсад аз занони бордор ва ширда бо сӯи тағзияи шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Ҳамчунин гузориши ниҳодҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки занони бордори фаластинӣ дар сояи бомбаборонҳо ва набуди имкони дастрасӣ ба бемористон дар ағлаби маворид маҷбур ҳастанд фарзандони худро миёни харобаҳо ба дунё оваранд ва бисёре аз онҳо ҷонашонро аз даст медиҳанд, ҳамчунин ба далели набуди имконот дар бемористонҳо, дар бисёре аз маворид, занони бордор маҷбур ба сезорян (зоймон аз тариқи амали ҷарроҳӣ) бидуни беҳушӣ шудаанд, ки бисёр ваҳшатнок аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад