Беларус ҳадафи ҳамла қарор бигирад, бо силоҳи ҳастаӣ посух медиҳем

Фармондеҳи аршади низомии Беларус ҳушдор дод, ки агар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор бигирад, неруҳои мусаллаҳи Беларус бо силоҳи ҳастаии тактикӣ посух хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузории Роша Тудей, “Павел Муравинко” раиси ситоди кулли артиши Беларус ва муовини аввали вазири дифоъ эълом кард, ки артиши ин кишвар барои истифода аз силоҳҳои ҳастаии тактикӣ омӯзиш дидааст ва дар сурати таҳдиди ҳокимият, омодаи истифода аз он хоҳад буд.

Павел Муравинко, дар гуфтугӯи телевизионӣ дар инбора гуфт «яке аз охирин истидлолҳо ва идаҳое, ки ба унвони омили боздорнда (дар баробари таҷовуз алайҳи Беларус) амал мекунад, бозгашти силоҳҳои ҳастаӣ ғайри стратжик ба хоки кишвармон аст.»

Вай ҳамчунин афзуд: мо барои кор бо ин силоҳҳо омӯзиш дидаем ва медонем чигуна бо итминон аз онҳо истифода кунем. Мо қодир ба анҷоми ин кор ҳастем.

Пеш аз ин Андрей Соринчик, фармондеҳи неруҳои мушакии неруи ҳавоии Беларус пештар дар рӯзи шанбе таъкид кард, ки неруҳои мусаллаҳи Беларус омода ҳастанд, ки қотеъона аз ҳамаи абзорҳо барои муҳофизат аз қаламрави худ дар баробари таҳрикоти эҳтимолии Киев дар ҳарими ҳавоӣ истифода кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад