Нахустин мунозираи интихоботии Байден ва Трамп: Интихоби байни ду бадтарин

Мардуми Амрико рузи сешанбе 5 ноябри 2024 барои интихоби раисҷумҳури баъдии Амрико ба пои сандуқҳои роъй мераванд. Барандаи ин интихоботи давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳуриро аз январи 2025 оғоз хоҳад кард. Мунозираҳои телевизиюни муддатҳост ки бахши муҳимми аз муборизоти интихоботии раёсатҷумҳурӣ дар Амрико буда ва лаҳазоти торихиро барои номзадҳо рақам задааст.

Нахустин мунозираи Ҷо Байден номзади демокротҳо ва Доналд Трамп номзади ҷумҳурии хоҳон барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 ҷумъашаб бо ҳузури Ҷик Тепр ва Доно Беш ду муҷри саршиноси шабакаи Си Эн Эн ва бидуни ҳузури тамошочён дар студиёии шабакаи телевизиюнии Си Эн Эн дар Атлонтои Ҷорҷия баргузор шуд .

Байден ва Трамп бо якдигар дар ибтидои ин мунозира ки 100 дақиқа тул кашид даст надоданд ва дар тули баргузарии он ситодҳои интихоботии ду номзад натавонистанд бо онҳо таъомул дошта бошанд. Байден амалкардии мутазалзил дар мунозираи нахуст бо Трамп аз худ нишон дод дар ҳоле ки Трамп бо як сирри ҷумалоти вайро мавриди ҳамла қарор дод. Намоиши заъифи Байден дар мунозира занги ҳушдорро дар Байн ва демукротҳо ба садо дар оварда ва эҳтимолани нигаронии ройдиҳандагонро дар мавриди мусин будан у барои як давраи чаҳорсолаи дигар бештар хоҳад кард.

Дар нахустин мунозираи интихоботии байни Байден ва Трамп масоили мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ матраҳ шуд. Аз ҷумла дар буъди шахси ва хонаводаги парвандаҳои Ҳонтар Байден писари Ҷо Байден ва низ парвандаи фасоди ахлоқии Трамп матраҳ шуд ва Байден фасоди ахлоқии Трампро пеш кашид ва Трамп ҳам писари Байденро муҷрим хонд.

Байден ва Трамп дар бораи вазъияти иқтисодии Амрико ба ҳам тохтанд, Байден иддао кард ки иқтисоди Амрико дар ҳоли шукуфоӣ аст аммо Трамп таъкид кард ки иқтисоди Амрико дар ҳол суқут аст. Байден аз корномаи сиёсати хориҷии худ дар ховаримиёна ва Афғонистон дифо кард ва дар маврид Украин гуфт: Путин як ҷинояткор ҷангӣ аст; оё гумон мекунед у мутаваққиф мешавад? дар ҳоле ки Трамп бо зери савол бурдани амалкарди Байден таъкид кард ки агар раиси ҷумҳур воқеи доштем ба Украин ҳамла намешуд .

Дар бораи Эрон ва қудрати минтақаӣ он низ Байден ва Тромп раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар нахустин мунозираи интихоботӣ бо якдигари ҷидол лафзи карданд ва Байден гуфт ки дар даврони Трамп, Эрон ба пойгоҳи мо ҳамла кард ва у ҳеҷ кори накард. Дар муқобил Трамп Байденро ба инфеъол дар барори Эрон муттаҳам намуд .

Масъалаи муҳими дидгоҳи мардуми Амрико пас аз баргузарии ин мунозира аст. Хабаргузории Райтерс дар ин бора навишт: Ройдиҳандагони амрикоӣ ки то қабл аз мунозираи интихоботии панҷшанбешаб байни Ҷо Байден ва Доналд Трамп ду рақиби аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябр дар Амрико дар бора интихоби байни ин ду тардид доштанд, дар ниҳояти баъд аз мунозираи тасмими худро эълом карданд ва гуфтанд қатъан ба Трамп рой хоҳанд дод.

Дар воқеъи ройдиҳандагони Амрикоеи байни ду гузина ки ҳар ду бадтарини гузинаи раёсати Ҷумҳурии Амрико ҳастанд гирифтор шуда ва ботавваҷуҳ ба инҳисори амалии ду ҳизбе ки эҳтимоли пирузии номзадҳои мустақил ва ё ҳизби севуммро ба ҳаддиақал мерасонад чорае ҷузи интихоби байни ду номзади раёсати ҷумҳурии кунунӣ надоранд. Ҷо Байден номзади демукротҳо перу дучори ихтилоли фикрӣу завол ақласту ҳаракоти ғайритабиии мукаррарӣ сурат медиҳад ки нишонаи адами таъодули равонӣ у аст .

Бар асоси назарсанҷии Ню-Йорки таймс ва Коллеҷи Сино, ҳудуди 70 дарсад аз Амрикоҳо муътақиданд ки Ҷо Байдени 81 сола барои анҷоми вазоифи раёсати ҷумҳури бисёр пир аст. Ин назарсанҷи ҳамчунин нишон дод ки агар интихобот ба суръат баргузор мешуд, 48 дарсад аз ройдиҳандагон Доналд Трампи 78 соларо интихоб мекарданд дар ҳоле ки танҳо 42 дарсад ба Байден и81 сола рай медоданд .

Аз суи дигари Доналди Трамп низ ба унвони фардии муҷрим матраҳ аст ки дар 4 додгоҳи Амрико дар иёлатҳои мухталифи алайҳи вай иқомаи даъвӣ шуда ва бо тавваҷуҳ ба рай ҳайати мунсифа ба муҷримят у дар додгоҳи Манҳеттени Ню-Йорк ба ҷурм додани ҳақи сукут ба як бозигари зани филмҳои мустаҳҷан мумкин аст ба чандин соли зиндон маҳкум шавад.

Зимни ин ки дигар иттиҳомоти у аз ҷумлаи шомили фирори молиётӣ, талош барои тағйири натиҷаи интихоботи иёлати Ҷорҷия, ҳамл ва пинҳон кардани асноди маҳрамона ва сиррӣ дар имораташ дар Флорида пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳури аст. Дар маҷму ҳудуди 100 иттиҳом алайҳи Трамп дар заминаҳои мухталиф дар ин додгоҳҳо матраҳ шуда аст.

Ба таври хулоса Трамп ба унвони фардии дурғгу ва фосид аз лиҳози ахлоқӣ ва молӣ шинохта мешавад ки пас аз шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 зимни зери саволбурдани фароянди ин интихобот ва ташкик дар натиҷаи он ҳаводорншро ташвиқ ба шуриш намуд ки натиҷаи он ҳамла ба конгресси Амрико дар 6 январи 2021 буд .

Нуктаи муҳим ин ки бисёри аз мардуми Амрико ки байни интихоби байни Байден ва Трамп гузина даигари надоранд акнун мардуд ҳастанд. Ҳудуди 20 дарсад аз ройдиҳандагон мегӯянд ки дар рақобатҳои раёсати ҷумҳурии имсол, номзадиро интихоб накардаанд онҳо мегуянд ба гузинаҳои номзади солис тамоюл доранд ё мумкин аст аслан рой надиҳанд. Ба интартиб дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, кишваре ки худро парчамдори демокрасии дар ҷаҳон медонад, мардуми ин кишвар ба иҷбор бояд байни ду гузина ки ҳар ду ғайриматлуб ва бад ҳастанд ба яки рай диҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад