“Эътиқоди амиқ ба мабонии динӣ” дар ҷавонони мудофеъи ҳарам, падидаи беназир аст

Раҳбари олии инқилоби Эрон дар дидор бо аъзои ситоди баргузории Кунграи шуҳадои мудофеъи ҳарам баён карданд: Сафо, шуҷоат, исор, ихлос ва "Эътиқоди амиқ ба мабонии динӣ" дар ҷавонони мудофеъи ҳарам, падидаи шигифтангез ва беназир аст, ки ғалат будани таҳлилҳои ғарбгароёнро нишон дод ва ин мавзӯъ ҷуз бо лутф ва инояти илоҳӣ ва Аҳли байят (а) наметавонист шакл бигирад.

Раҳбари олии Инқилоби Эрон дар дидори аъзои ситоди баргузории Кунграи байналмилалии шуҳадои муқовимат ва мудофеони ҳарам дар Сурия ва Ироқ)-ро, ки дар таърихи 19 июн баргузор шуда буд, субҳи имрӯз шанбе дар маҳалли баргузории ин Кунгра дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мунташир шуд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Инқилоби исломӣ дар ин дидор, мудофеъони ҳарамро як падидаи шигифтангез ва муҳим ва яке аз мазоҳири ҷаҳонигарии низомии Ҷумҳурии исломӣ хонданд ва таъкид карданд: Ҳузури ҷавонони бо миллиятҳои мухталиф дар қолаби мудофеъони ҳарам нишон дод Инқилоби исломӣ баъд аз гузашти беш аз чаҳор даҳа, қудрати бозофаринии ҳамон шӯру ҳамосаи аввали Инқилобро дорад.

Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, бо гиромидошти ёду хотираи ҳамаи шуҳадои мудофеъи ҳарам ва ҷабҳаи муқовимат ба вижа сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, дифоъ аз ҳарамро як ҷанбаи намодин дар дифоъ аз тафаккур ва ормонҳои соҳиби он ҳарам ва Аҳли байт (а) донистанд ва гуфтанд: Ормонҳои баланди мактаби Аҳли байт (а) ҳамчун адолат, озодӣ, мубориза бо қудратҳои золим ва «исору фидокорӣ дар роҳи Ҳақ», ҳамвора дар миёни виҷдонҳои пок толиб доранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаракати донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико дар дифоъ аз мардуми мазлуми Ғаззаро намунае аз вуҷуди виҷдонҳои пок дар дунё баршумурданд ва афзуданд: Муҳим ин аст ин паёми дифоъ аз ҳарам, ки дар воқеъ дифоъ аз ормонҳои инсоният аст, ба гӯши виҷдонҳои пок дар дунё расонда шавад.

Ишон яке дигар аз паҳлуҳои мавзӯъи дифоъ аз ҳарамро ҷаҳоннигарии Инқилоби исломӣ донистанд ва хотирнишон карданд: Ҳар ҳаракат ва наҳзат ва инқилобе, ки аз муҳити байналмилалӣ ва минтақаии худ ғофил шавад, қатъан зарба хоҳад хӯрд, ҳамон гуна, ки ҳаракати миллати Эрон дар қазияи машрута ва дар қазияи миллӣ шудани санъати нафт ба далели саргарм шудан ба масоил дохилӣ ва ғафлат аз дахолатгарони хориҷӣ осеб дид ва ба саранҷом нарсид.

Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, ҳузури размандагони мудофеъи ҳарам дар кишварҳое, ки душман барои онҳо нақшаи бисёр хатарнокеро тарроҳӣ карда буд, аз мазоҳири ҷаҳоннигарии Инқилоби исломӣ донистанд ва гуфтанд: Душман дар тарроҳии худ қасд дошт бо тасарруфи минтақа ва ҳамзамон бо ворид кардани фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ҳамчунин «ақидатӣ ва мазҳабӣ» ба Эрон, низоми Исломиро аз байн бибарад, аммо ҷамъе аз ҷавонони бо имон, бо марказияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин нақшаи пурхарҷи истикборро ба шикаст кашонданд.

Ишон таъкид карданд: Бо чунин нигоҳе бояд гуфт ҳаракати мудофеъони ҳарам, Эрон ва минтақаро наҷот дод.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, бо ишора ба моҳияти хашин, бераҳм ва ғайриинсонии ташкилоти ДИИШ ва гурӯҳҳои ҳамсу бо онки бо ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва таблиғотии Амрико ва Ғарб шакл гирифта буданд, афзуданд: Ҳадаф аз ин ташкилот, ноамн кардани минтақа ва ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, аммо мудофеъони ҳарам ин хатари бузургро низ хунсо ва беасар карданд

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад