Сафири Тоҷикистон дар Миср Эътимодномаи худро ба мақомоти ин кишвар супорид

Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода нусхаи Эътимодномаи худро дар Вазорати корҳои хориҷии Миср супорид.

Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода нусхаи Эътимодномаи худро дар Вазорати корҳои хориҷии Миср супорид.

Ба гузориши манбаъ:

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Миср Набил Ҳабашӣ дар Қоҳира супорид.

Сипас ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ  дар соҳаҳои мухталиф байни Тоҷикистон ва Миср табодули афкор намуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти Тоҷикистон ва Миср роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро барраси карданд.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо Эмин Комил, муъовини вазири хориҷаи Миср дар умури кишвароҳи осиёӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба равобити дустона ва густариши ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар баҳсу барраси шуд.

Дар ин гуфтугӯ тарафайн бар алоқамандии мутақобил барои тақвият ва густариши бештари равобити муфид барои ду тараф таъкид карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад