Дидори мақоми тоҷик бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Арабистон

Дар дидори муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони кишвар ва Арабистони Саудӣ ба дастовардҳои 30 солаи равобити дипломатики ду кишвар таъкид шуд.

Дар дидори муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони кишвар ва Арабистони Саудӣ ба дастовардҳои 30 солаи равобити дипломатики ду кишвар таъкид шуд.
Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Муҳаммад ибни Абдулазиз, раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор бар дастовардҳои 30 солаи равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таъкид шуд ва аз нақши ҳамкориҳои байни парлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ дар тавсеаи равобити дуҷониба қадрдонӣ шуд.
Ҳамчунин таомул дар чорчӯби Гурӯҳи дӯстии байни парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, табодули дидорҳо ва таҷрибаҳо ва тавсеаи бештари равобит байни ду кишвар баҳс ва баррасӣ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад