Аввалин дуели расмӣ байни Байден ва Трапм – чӣ касе баранда буд?

Аввалин мунозира ва дуели расмӣ таҳти мунозира ва гуфтугӯи интихоботӣ байни Байден ва Трамп, президентҳои феълию собиқи Амрико баргузор шуд.

Нахустин мунозираи Байден ва Трамп дар остонаи интихоботи президентии Амрико, занги хатарро барои демократҳо ба садо овард; афзӯн бар нокоромадии давлати Байден, тибқи интизор заъфи ҷисмӣ ва равонии ӯ бар ҳамагон ошкор шуд.

Амрикоииҳо рӯзи се шанбе панҷуми ноябри 2024 пойи сандуқҳои раъй ҳозир мешаванд, то сарнавишти президенти кишвари худро барои чаҳор соли оянда мушаххас кунанд.

Барои инки мушаххас шавад чӣ касе январи 2025 вориди Кохи сафед мерасад, Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико аз тайфи демократ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури қаблии Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳ панҷшанбе шаб 27 июн ба мизбонии шабакаи CNN дар Атланта нахустин мунозираи худро баргузор карданд; шабакаое, ки ба ҳизби демократ наздик аст.

Дар ин мунозира, ки ба муҷодила кашида шуд, масоили гуногуни дохилӣ ва ҳавзаи сиёсати хориҷӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ ба мавзуъҳон чун ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистӣ дар ҷиноятҳо алайҳ Ғазза, буҳрони Украина, НАТО, мувоҷеҳа бо Эрон ва ғайра пардохта шуд.

Дар ҳавзаи дохилӣ низ мавзуъҳое ҳамчун парвандаҳои фасоди ахлоқӣ ва молии Трамп, вазъияти ҷисмонӣ ва равонии бади Байден, амалкарди ду номзад дар давраи ҳузур дар Кохи сафед, муҳоҷират ва паноҳҷӯён, сиқти ҷанин, таваррум, бима, молиёт, бемории коронавирус (Сovid-19) ва ғайра мавриди баҳс ва ҷадал қарор гирифт.

Рӯзномаи Гордияни Англис дар таҳлил ва арзёбии худ аз ин мунозира, чаҳор нуктаи барҷастаи онро амалкарди заифи Байден, дурӯғгӯиҳои мукаррари Трамп, барҷаста шудани дупорагӣ ва шикоф дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва парвандаи иртиботи ғайриахлоқии Трамп бо бозигари филмҳои мустаҳҷан медонад.

Шокки бузург ба демократҳо дар мунозираи аввал

Байдени 81 сола, ки се солу ҳафт моҳ бар маснади президентии Амрико такя зада ва ҳудуди се сол аз Трампи 78 сола раисҷумҳури собиқи Амрико бузургтар аст, дар ин мунозира хатоҳои дардисарсозе анҷом дод.

Заъфи ҷисмӣ, парешонгӯиҳо ва лукнати забони ӯ дар ин мунозира онқадар зиёд буд, ки ҳатто CNN, ки ба ҳизби ҳоким наздик аст, ба он ишора кард ва навишт: «Байден, бо садое хашин ва берамақ, ағлаб наметавонист ихтилофҳои худро бо Трамп ба равшанӣ баён кунад. Ҳатто дар бахше аз мунозира, пас аз инки Байден аз савобиқи худ дар заминаи амнияти марзӣ дифоъ кард, Трамп гуфт воқеан намедонам ӯ дар охири ин ҷумла чӣ гуфт… фикр намекунам худшам фаҳмида бошад, ки чӣ гуфтааст!»

Байден, ки ҳамвора роҳи хуруҷ аз маросимро гум мекунад ва бо мавҷудҳои хаёлии аҳволпурсӣ мекунад, дар поёни мунозира бо Трамп низ бо кумаки ҳамсараш Ҷил Байден аз саҳнаи мунозира хориҷ шуд. Ахиран дар як корзори интихоботӣ низ Барак Обама, раисҷумҳури асбақи Амрико, Байденро ба таври физикӣ аз рӯи саҳна ба самти роҳи хуруҷӣ ҳидоят карда буд.

Дар ҳоле, ки ин хатоҳо ва баёни заъфи калимаҳое дар изҳороти Байден, таваҷҷуҳҳоро ҷалб кардааст, бархе наздикон ба раисҷумҳури Амрико мекӯшанд заъфҳои ӯ дар мунозираро ба ибтилои ӯ ба сармохӯрдагӣ иртибот диҳанд. NBC ба нақл аз ду манбаи огоҳ навишт, ки «Байден сармо хӯрдааст.»

Лағзишҳои каломӣ ва садои заифи Байден, ки кампайнаш мегӯяд ба далели сармохӯрдагӣ будааст ва посухҳои гоҳ номафҳумаш ба ҳамлаҳои Трамп, ин пурсишро матраҳ кардааст оё роҳе вуҷуд дорад, ки фарди дигареро ба ҷойи Байден ба унвони номзади аслии ҳизби демократ муаррифӣ кард?

Коршиносон бар ин боваранд, ки демократҳое нигарон аз натоиҷи интихоботи президентии моҳи ноябри Амрико, мумкин аст аз номзадии Байден рӯй гардонанд, аммо бо ин вуҷуд лозим аст, ки ӯ аввалин қадамро дар ин замина бардорад.

Эби Филипп, таҳлилгари CNN, ки мизбони мунозираи Байден ва Трамп буд дар барномаи таҳлилии ҳамин хабаргузорӣ дар заминаи мунозира гуфт, ки демократҳои шинохташуда бо таваҷҷуҳ ба амалкарди фоҷиабори Байден, дархост аз вай барои канорагириро баррасӣ мекунанд.

Ӯ гуфт, ки изтироб ва ваҳшатеро дар демократҳо мебинад, ки то кунун ҳаргиз шоҳиди он набудааст. Ба гуфтаи ӯ, посухҳои Байден мунсаҷим ва равон набуд.

Ҷон Кинг, таҳлилгари аршади CNN низ дар бораи ин мунозира гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мақомҳои олии ҳизби демократ мавзуи дархости аланӣ барои канорагирии Байден аз интихоботи раёсатҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: ваҳшати демократҳо аз дақиқаҳои нахусти мунозира оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Онҳо дар бораи амалкарди Байден сӯҳбат мекунанд, ки гумон мекунанд, малоловар буд.

Вен Ҷунз, мушовири пешини Обама низ дар вокуниш ба мунозираи Байден ва Трамп гуфт эҳтимолан вақти он аст, ки Байден тағйири масир бидиҳд (канор бикашад) ва ҳизби демократ дар фурсати боқимонда то иҷлоси ҳизб бояд чорае бияндешад.

Барандаи мунозираи нахуст ва таҳаввул дар назарсанҷиҳо

Руасои ҷумҳури кунунӣ ва қаблии Амрико бо куллӣ нуқтаи заъф ва парвандаҳои боз вориди нахустин мунозира шуданд. Трамп дар шароите вориди мунозира шуд, ки ба 34 иттиҳом маҳкум шуда ва қарор аст дар 11 июл маҳкум шавад. Байден низ бояд бо нороҳатии амиқи раъйдиҳандагон муқобила кунад; яъне норизоятӣ аз мудирияти ӯ дар сиёсати хориҷӣ, иқтисод, муҳоҷират ва ғайра.

Бо ин ҳол корзори Трамп пеш аз поёни мунозира, раисҷумҳури қаблиро барандаи ин мунозира эълон карда буд. Ин дар ҳоле аст, ки назарсанҷиҳо барои санҷиши мизони маҳбубияти Трамп ва Байден қабл ва баъд аз мунозираи нахуст қобили тааммул аст.

Қабл аз мунозира бар асоси назарсанҷиҳо, раъйҳои Байден ва Трамп бисёр ба ҳам наздик буд ба унвони намуна рӯзномаи Амрикоии Нию-йорк Таймз бо тарҳи ин пурсиш, ки «назарсанҷиҳо дар мавриди рақобат барои Кохи сафед чӣ мегӯянд?» ба баррасии назарсанҷиҳо роҷеъ ба Трампи ҷумҳурихоҳ ва Байдени демократ пардохт. Бар пояи ин баррасиҳо, ҳар ду нафар 46 дарсад ба даст оварда буданд.

Аммо баъди мунозира афзӯн бар ворид шудани шок ба демократҳо, назарсанҷиҳо низ аз коҳиши чашмгири маҳбубияти Байден ҳикоят карданд. Ба гузориши Индипендент, аксарияти бузурге аз раъйдиҳандагони амрикоии сабтиномшуда барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, пас аз мушоҳидаи нахустин мунозира ба CNN гуфтанд, ки Трамп дар мунозираи аввал Байденро шикаст дод.

Бар асоси назарсанҷии CNN, амалкарди заифи Байден дар нахустин мунозираи президентӣ боис шуд аксари бинандагон бовар кунанд, ки Трамп дар садр қарор гирифтааст.

Шабакаи CNN натоиҷи назарсанҷӣ аз мардум дар бораи нахустин мунозираи ду номзади раёсатҷмҳурии Амрикоро эълон кард, ки тибқи он ҳудуди 67 дарсади ширкаткунандагон гуфтанд Трамп амалкарди беҳтаре дар ин мунозира дошт ва фақат 33 дарсад аз амалкарди Байден дар ин мунозира розӣ буданд.

То моҳи ноябр, ки интихоботи президентии Амрико расман оғоз мешавад ва сарнавишти сиёсии ин кишвар барои чаҳор соли оянда мушаххас хоҳад шуд, чанд мунозираи дигар ҳам баргузор мешавад. Мунозираи дувум барои моҳи сентябр барномарезӣ шудааст ва бояд дид, ки демократҳо ва шахси Байден то он замон чӣ тадобиреро дар пеш мегиранд, ки аз шиддати расвоии кунунӣ бикоҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад