Ҳузури эрониёни муқими Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ

 Эрониёни муқими Тоҷикистон дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии ҶИЭ ба таври фаъол ширкат карданд.

Эрониёни муқими Тоҷикистон дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии ҶИЭ ба таври фаъол ширкат карданд. Ръайгирии чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон соати 8:00 субҳ ба вақти Тоҷикистон оғоз шуд ва эрониёни муқими кишварамон ба таври фаъол ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Барои таъмини ҳузури фаъоли эрониёни муқими Тоҷикистон, як сандуқ дар шаҳри Душанбе ва як сандуқ низ дар минтақаи Роғун эҷод шуд.

Ҳусайни Худобахш, эронии муқими Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорҳо, ҳузур дар пойи сандуқи раъйро вазифаи шаръӣ ва миллии худ донист ва гуфт: ширкат дар интихоботи президентӣ фурсати таъйини сарнавишт ба дасти худи миллат аст ва умед аст, ки номзади амин ва бо кифоят барои раёсати қувваи муҷрия баргузида хоҳад шуд.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки раисҷумҳури ҷадид зимни ҳифз ва таҳаққуқи манофеи миллӣ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ, барои ҳамаи қишрҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаи кишвар бар асоси қонуни асосӣ барнома хоҳад дошт ва барои рушди ҳарчи бештари Ҷумҳурии Исломии Эрон талош хоҳад кард.

Шоёни зикр аст, ки барои ҳузури эрониёни муқими хориҷ аз кишварашон беш аз 344 сандуқи раъйдеҳӣ дар назар гирифта шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад