Сиёсати як бому ду ҳавои давлати Байден дар хусӯси ҷанги Ғазза

Ҳаррисон Манн, афсари иттилооти артиши Амрико, ки дар эътироз ба ҳимояти Вашингтон аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги ин режим алайҳи мардуми Фаластин дар Ғазза аз симати худ истеъфо карда буд, сешанбешаб ба шабакаи Алҷазираи Қатар гуфт: Агар ҳимояти Амрико аз Исроил набуд, ҷанги Ғазза бо ин қудрат идома пайдо намекард.

Бо вуҷӯди инки давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар зоҳир саъӣ карда то Исроилро барои вуруди кумакҳои ғизоии бештар ба навори муҳосира шудаи Ғазза таҳти фишор қарор диҳад, аммо кумакҳои низомии Вашингтон ба Исроил даст нахурда боқӣ мондааст. Бар хилофи гумоназаниҳо мабнӣ бар ихтилоф миёни демократҳо ва ростгароён дар Тел Авив дар ҷараёни ҷанги Ғазза, Амрико яке аз муттаҳидону ҳомиёни аслии режими саҳюнистӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, молӣ ва таслеҳотӣ будааст. Иттихози чунин мавзеъе аз сӯи давлати Байден сабаб шудааст то нозирони хориҷӣ, сиёсатҳои Кохи Сафед дар қиболи ҷанги Ғаззаро ториктарин нуқта дар корномаи сиёсати хориҷии вай бидонанд.

Ҳимояти давлати Байден аз Исроил дар авҷи ҷанги Ғазза то ба-дон ҷо будааст, ки ҳаргоҳ Байден тасмим ба ҳимоят аз Исроил доштааст, ҳатто Конгрессро ҳам давр зада то ин кумакҳо хеле зӯдтар ба дасти Тел Авив бирасад. Танҳо соате пас аз амалиёти “Тӯфони Алақсо” давлати Байден аз ихтисоси 2 миллиарддоллар барои ирсоли кумаки фаврӣ ба Исроил хабар дод. Давлати Байден дар моҳи декабр бо фуруши наздик ба 14 ҳазор гулӯлаи танку таҷҳизоти он ба Исроил ба арзиш беш аз 106 миллиондоллару фуруши гулӯлаҳои 155 милиметрии тӯпхона ва таҷҳизоти марбӯта ба арзиш беш аз 147 миллиондоллар мувофиқат кард. Дар ҳар дуи ин фақараҳо, Кохи Сафед бо истинод ба қонӯни ихтиёроти изтирории раёсатҷумҳурӣ, аз сади Конгресс барои тасвиби онҳо убӯр кард.

Бо вуҷӯди намоишҳои таблиғотии демократҳо мабнии бар таъкид бар риояти ҳуқуқи башар дар ҷанги Ғазза, аммо дар ниҳоят давлати Байден дар моҳи марти иҷозаи интиқоли 1800 бомби 900 килоӣ ва 500 бомби 225 килоӣ «Марки 84»-ро содир кард. Фуруши ин бомбҳо чандин соли пеш тавассути Конгресс тасвиб шуда буд, аммо таҳвили онҳо то моҳи гузашта муҳаққақ нашуда буд. Пеш аз ин намояндагони тараққихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико монанди Берни Сендерз низ хостори бознигарии давлати ин кишвар дар қиболи қонӯни интиқоли силоҳ ва мулзам кардани Тел Авив ба риояти мавозини ҳуқуқи башарӣ дар майдони набард шуда буданд. Охирин гузориши солонаи буҷети Хазонадории Амрико фош мекунад, ки дар се моҳи поёнии соли 2023, вазорати дифои Амрико дар интиқоли барномарезӣ нашуда 18 миллиард шекел барои Исроил дар ҷанг нақш доштааст. Ба тарзи буҳтоваре, ҳудӯди 7.8 миллиард шекел аз ин маблағ, баробар бо 43 дарсади он бо таъминкунандагони таслеҳоти амрикоӣ муртабит буд, ки нишондиҳанда вобастагии қобили таваҷҷуҳи Исроил ба таслеҳоти сохти Амрико аст.

Тибқи гузоришҳо, кумакҳои Амрико ба Исроил ҳудӯди 15 дарсад аз буҷаи низомии Исроилро ташкил медиҳад.

Кумакҳои Амрико ба Исроил ҳамзамон бо ҷанги Ғазза дар ҳоле сӯрат мегирад, ки дар Амрико бар асоси қонӯни Лиҳӣ (Leahy Law) ирсоли кумакҳои низомӣ ба давлатҳо ё гуруҳҳои хориҷӣ, ки муртакиби нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар мешаванд, мамнӯъ аст. Бо ин ҳол, барои давр задани ин қонӯн давлати Байден эълом кардааст, ки аз Натаняҳу тазмини катбӣ барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар ҷанги Ғазза дарёфт карда ва аз ин назари маҳдӯдиятӣ барои пуштибонии низомӣ аз Исроил ҳамзамон бо ҷанги Ғазза вуҷӯд надорад. Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тибқи гузоришҳои мавҷӯди артиши режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн болиғ бар 79 ҳазор тонн маводи мунфаҷира бар сари сокинони Ғазза рехтааст.

Ин миқдори азими маводи мунфаҷира тақрибани панҷ баробари бомби ҳастаие аст, ки дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум дар шаш августи 1945 бар рӯи Ҳирошимаи Ҷопон партоб шуд. Як фоҷеъаи инсонии бесобиқа ба бор овардааст, ки бар асари он аз маҷмӯи 1.9 миллион тон, 85 дарсад овора шудаанд. Дар асари истифода аз ин ҳаҷми азим аз маводи мунфаҷира дар саросари Навори Ғаззи 194 мақари давлатӣ, 110 мадриса ва донишгоҳ, 608 масҷид, 150 ҳазор воҳиди маскӯнӣ ба таври комии вайрон шуда ва 33 бемористон, 64 маркази беҳдоштӣ ва 131 уржонс аз мадори хадамотрасонӣ хориҷ шуда ва тайи ин муддат, наздик ба 40 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки умдатан кӯдак ва зан ҳастанд, қатли ом шуда ва беш аз 80 ҳазор нафари дигар масдӯм ва беш аз 80 дарсад аз наздик ба 2,5 миллион саканаи Ғазза овора шудаанд ва дар чунин шароите ҳеҷ тардиде нест, ки Амрико ва давлати Байден бо ҳимоятҳои таслеҳотӣ аз Исроил дар ҷанги Ғазза шарики ҷурми ҷиноёти ин режиму давлати ростгаро ва ҷангталаби Натаняҳу аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад