Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон; мардум барои ширкат дар интихобот тардид накунанд

Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори садо ва симо пас аз ширкат дар интихоботи давраи чаҳордаҳуми раёсатҷумҳурии Эрон

Маҳдии Хусравӣ – хабарнигори садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон -: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Ба маҳзари мубораки раҳбари муаззам, муаззаз ва фарзонаи Инқилоби Исломӣ арзи салому адаб ва эҳтиром дорам. Субҳи ҳазрати мустатоби олӣ ба хайру некӣ – Ин шоа Аллоҳ – ва қарин ба сиҳҳату саломат ва офият. Ёди шуҳадои хизмат ба вижа раисҷумҳури шаҳид, Раисии азизро, ки имрӯз ба далели фуқдони ишон чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳуриро баргузор мекунем, гиромӣ медорем.

Ҳазрати олӣ дар рӯзи чаҳордаҳуми хурдод аз ҳамосаи интихобот сухан гуфтед ва дар рӯзи иди саиди Ғадири хум бар мавзуи афзоиши мушорикат ва мушорикати ҳадди аксарӣ барои сарафрозии Эрон ва Эрони қавӣ сухан гуфтед ва бар ин мавзуъ таъкид фармудед. Акнун ки дар дақоиқи ибтидоӣ фароянди раъйгирӣ дар чаҳордаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳастем, бо тавваҷуҳ ба ҷойгоҳ ва нақши бебадили раисҷумҳур дар иқтидору пешрафти кишвар, охирин тавсияи ҳазрати олӣ барои касоне, ки ҳануз барои ҳузур дар интихобот мураддад ҳастанд ва ё тасмими қатъӣ нагирифтаанд чист?

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбарии олии Ҷумҳурии Исломии Эрон: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Барои миллати азизамон аз Худованди Мутаол беҳтарини рӯзҳо ва солҳо ва болотарин баракоташро масъалат мекунам.

Рӯзи интихобот барои мо эрониҳо, рӯзи нишот ва шодист, ба хусус он вақте ки интихобот барои гузиниши раисҷумҳур аст, ки чанд соли ояндаи кишвар бо ин интихоби мардум таъин мешавад, локин ба назари ман як мавзуъ муҳиме дар канори ин ҳаст ва он ҳузури пуршӯри мардум ва афзоишу касрати раъйдиҳандагон аст. Ин барои Ҷумҳурии Исломӣ як ниёзи қатъист. Калимаи ҷумҳурӣ дар «Ҷумҳурии Исломӣ» ҳокӣ аз ин аст, ки дар зоти ин низом ҳузури мардум лиҳоз шуда; бинобар ин давоми Ҷумҳурии Исломӣ ва қивоми Ҷумҳурии Исломӣ ва иззати Ҷумҳурии Исломӣ ва обрӯи Ҷумҳурии Исломӣ дар дунё мутаваққиф ба ҳузури мардум аст. Барои ҳамин аст, ки мо тавсия мекунем мардуми азизмон масъалаи раъй додан ва ҳузур дар ин озмуни муҳими сиёсиро ҷиддӣ бигиранд ва ширкат кунанд. Ва ин ки шумо мегӯед баъзеҳо мурадданд, ман ваҷҳе барои тардид пайдо намекунам. Ин кори осонест, ки натоиҷи муҳиме дорад. Чаро инсон барои анҷоми як коре, ки харҷу заҳмат ва мояе ва вақтгирӣ ва фишоре надорад, вале фавоиди зиёде дорад, бояд тардид дошта бошад? Тардид накунанд. Ба хусус бо тавваҷуҳ ба ҳамин нуктае, ки ман ишора кардам ва он ин ки қивоми Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳузури мардум аст ва барои исботи сиҳҳату садоқати низоми Ҷумҳурии Исломӣ, ҳузури мардум як амри лозим ва воҷибест.

Умедворам Ин шоа Аллоҳ Худои Мутаол барои ин кишвар беҳтарин ва муфидтарин гузинишро муқаддар кунад ва солҳои оянда Ин шоа Аллоҳ солҳои хуб ва матлубе бошад ва мардум аз гузиниши худашон розӣ бошанд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад