Наҷоти мардуми Ғазза вазифаи мусалмонон аст

Шайх Алӣ Муҳиддин Қара Доғӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, дар баёнияе эълом кард, кумак ба наҷоти мардуми мазлуми Ғазза бар ӯҳдаи мусалмонони ҷаҳон аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шайх Алӣ Муҳиддин Қара Доғӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, наҷоти мардуми Навори Ғаззаро ки дар маърази таҷовузоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ қарор гирифтаанд, вазифае барои мусалмонон донист ва гуфт, ки лозим аст онҳо барои раҳоии мардуми Фаластин ва Ғазза аз дарду ранҷе ки дар он ба сар мебаранд, кумак кунанд.

Қара Доғӣ дар баёнияи видеоӣ ки аз мақарри Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон нашр шуд, афзуд: Мо дар Ғазза шоҳиди фоҷеа ва наслкушии ҳамаҷониба ҳастем, ки тавассути бадтарин давлати нозӣ ки аз хунрезӣ дар муқобили чашми ҷаҳонёни сер намешавад, анҷом мегардад.

Вай бо баёни ин ки ҳамаи касоне, ки бо аслиҳа, пул ва ҳимояти сиёсӣ аз режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунанд дар ин ҷиноёт мушорикат доранд, таъкид кард: Ҳукми дин ин аст, ки мусалмонон ва афроди бовиҷдон бояд дар баробари ин фоҷеаи инсоние, ки аз ҷилави чашмони мо мегузарад, бекор наистед.

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон гуфт: Мо бо як фоҷеаи инсонӣ рӯбарӯ ҳастем, агар кӯдакон, занону солмандон дар Навори Ғазза аз наслкушӣ ҷони солим ба дар бибаранд, ҳатман аз гуруснагӣ, сӯи тағзия ва дармони номуносиб хоҳанд мурд.

Вай бо ишора ба ин ки ҳамаи инҳо дар сояи сукути шармовари ҷомеаи ҷаҳонӣ иттифоқ меафтад, афзуд: Ба як кумаки ҷаҳонӣ барои наҷоти мардуми Ғазза аз ин ранҷи воқеӣ ниёзи бисёр дорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад