Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон

Субҳи имрӯз раъйгирии 14-умин давраи интихоботи раёсаҷумҳурии Эрон дар ин кишвар ва ба таври ҳамзамон дар 95 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, интихоботи даври 14-умин давраи раёсатҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз, ҷумъаи 8 июл оғоз шуда, то соати 18:00 идома хоҳад кард ва дар сурати зарурат, вазири умури дохилӣ дар бораи тамдиди муҳлати интихобот дастур хоҳад дод.

61 миллиону 452 ҳазору 321 нафар ҳаққи раъй дар дохил ва хориҷи кишварро доранд ва онҳо бояд як нафар аз байни ҷаноби Масъуди Пизишкиён, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саиди Ҷалилӣ ва Муҳаммадбоқири Қалибофро интихоб кунанд.

Ҳамзамон бо истиқболи густардаи мардуми Эрон аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар ва ҳузур дар маҳалҳои оводиҳӣ, мақомоти баландпояи Эрон ҳам бо иштирок дар ин интихобот раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Соати 8 субҳи имрӯз раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳузур дар яке аз маҳалҳои овоздиҳӣ дар 14-умин давраи раёсатҷумҳурӣ иштирок карда ва раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Раҳбари Эрон зимни тавсияи мардуми ин кишвар ба иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дуо карданд, ки Худованди Мутаол беҳтарин фардро барои интихоби мақоми раёсатҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Эрон муқаддар кунад.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи 28 июн интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе ва Роғун оғоз шуд.

Фароянди интихоботи 14-умин давраи раёсатҷумҳурӣ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар соати 8 (ба вақти душанбе), оғоз шуд.

Раисиҷумҳури собиқи Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар садамаи чархбол 19 май ба шаҳодат расиданд ва тибқи қонуни асосии ин кишвар интихобот тайи муддати 50 рӯз баргузор мешуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад