Рӯзи ҷумъа баргузории интихоботи президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо ҷумъа (28 июн) барои таъини нуҳумин раиси Ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

“Муҳсени Исломӣ” Дабир ва сухангӯии ситоди интихоботии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар кули кишвари 58 ҳазору 640 шуъбаи ахзи раъй пешбинӣ шуда ки аз ин теъдод 24 ҳазору 522 шуъбаи шаҳрӣ ва 24 ҳазору 118 шуъбаи ахзи раъйи рустоӣ аст. Вай афзӯд: Ҳамчунин 43 ҳазору 425 шуъбаи ахзи раъйи собит ва 15 ҳазору 215 шуъбаи сайёри пешбинӣ шудааст.

Сухангӯи ситоди интихоботи кишвари ҶИЭ бо баёни инки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар хориҷ аз Эрон низ баргузор мешавад, гуфт: Бар асоси эълони Вазорати хориҷа 340 шуъбаи ахзи раъй дар 100 кишвар барои эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам шудааст.

Ситоди интихоботи Эрон низ бо интишори иттилоъияи шумораи 7 эълон кард: Оқои Сайид Амирҳусайни Қозизодаи Ҳошимӣ номзади интихоботи президентии Ҷумҳурӣ инсирофи худро ба Вазорати кишвар эълон намудааст.

Ҳамчунин Алиризои Зоконӣ, номзади интихоботи президентии Ҷумҳурӣ аз рақобат дар интихобот ба нафъи иҷмоъ дар ҷабҳаи инқилоб инсироф дод.

Ба гузориши гурӯҳи иҷтимои хабаргузории Тасним, Алиризои Зоконӣ номзади интихоботи президентии Ҷумҳурӣ бо интишори матни кӯтоҳе дар шабакаи Экс эълон кард: То поёни замони қонунии рақобат мондам аммо тадовуми роҳи шаҳид Раисӣ муҳимтар аст.

Замони таблиғоти интихоботи чаҳордаҳумин давраи интихоботи президентии Ҷумҳурӣ 8 субҳи имрӯз ба поён расид .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад