Гуруснагӣ дар Ғазза; оворагон ба хӯрдани барги дарахтон рӯ овардаанд

Бо ташдиди ҷанги гуруснагии саҳюнистҳо алайҳи оворагон дар манотиқи мухталифи Ғазза, созмонҳои байналмилалӣ бори дигар занги хатари қаҳтӣ дар ин борикаро ба садо даровардаанд ва мардуми шимоли Ғазза аз шиддати гуруснагӣ маҷбуранд барги дарахтонро бихӯранд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле ки баъд аз баста шудани гузаргоҳи Рафаҳ тавассути ишғолгарон ҳамзамон бо ҳамлаи низомии ваҳшиёнаи артиши саҳюнистӣ ба ин минтақа дар таърихи 7 май, занги хатари қаҳтӣ дар саросари Ғазза дигарбора ба садо даромадааст ва шоҳиди афзоиши қобили тавваҷуҳи омори маргу мир бар асари гуруснагӣ ба вижа дар шимоли Ғазза ва миёни кӯдакон ҳастем, ниҳодҳои байналмилалӣ нисбат ба вихомати авзоъи инсонӣ дар Ғазза дар сояи ҳамалоти систематики артиши ишғолгар ба тимҳои имдодӣ ва мамониат аз вуруди кумакҳои башардӯстона ҳушдор доданд.

Буҳрони гуруснагӣ дар Ғазза ба авҷ расидааст

Яган Чапагин, Директори ичроияи Федератсияи байналмилалии чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар ин замина гуфт: Буҳрони гуруснагӣ дар Ғазза ба нуқтаи авҷи худ расидааст ва хатари қаҳтӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Мо ниёз ба иқдоми фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз талафоти бештар ба далели қаҳтӣ дар Ғазза дорем.

Вай бо ибрози нигаронии амиқ аз бомбаборони минтақаи наздик ба дафтари кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ғазза тавассути артиши Исроил таъкид кард: Ин ҳамалот сабаби хисороти шадид ва ба хатар афтодани ҷони садҳо ғайринизомии овора дар чодарҳо шуд.

Барномаи ҷаҳонии ғизо ҳам бо судури баёнияе эълом кард: Бо тавваҷуҳ ба ташдиди ҳамалоти низомии Исроил дар Ғазза, ирсоли кумакҳо ба ин минтақа тақрибан ғайримумкин аст.

Стивен Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам изҳор дошт: Хатароти пеши рӯи тимҳои имдодӣ ва башардӯстона дар Ғазза ғайриқобилии таҳаммул шудааст.

Қаҳтии Ғаззаро бидуни оташбас боздоштан мумкин нест

Аз тарафи дигар коршиносони Созмони Милал бо ишора ба баррасии вазъияти ноамнии ғизоӣ дар Навори Ғазза эълом карданд: Сокинони ин борика ба шиддат аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебаранд ва бо як хатари воқеӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки имкони вуруди кумакҳои башардӯстона ба шакли муассир ба Ғазза вуҷуд надорад.

Бар асоси ин гузоришҳо, беш аз 495 ҳазор нафар, ки шомили як панҷуми ҷамъияти Ғазза мешаванд, бо сатҳи фоҷеаборе аз ноамнии ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд, албатта ноамнии ғизоӣ кулли ҷамъияти Ғаззаро таҳти таъсир қарор додааст ва гуруснагӣ табдил ба як буҳрони фарогир дар ин борика шудааст.

Илова бар он созмонҳои башардӯстона ва тимҳои имдодӣ ҳам фазои кофӣ барои кумакрасонӣ ба оворагону гуруснаҳоро надоранд ва наметавонанд ба шакли пойдор, маводи ғизоӣ миёни мардум тақсим кунанд.

Дар ин замина Ориф Ҳусайн, иқтисоддони аршади Барномаи ҷаҳонии ғизо эълом кард: Ҳадафи мо аз гузоришҳои байналмилалӣ дар бораи ноамнии ғизоӣ дар Ғазза, танҳо эъломи вазъияти қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа нест; балки мо мехоҳем бигӯем, ки вазъияти Ғазза бисёр бадтар аз чизе аст, ки метавонем тасаввур кунем ва бар ҳамин асос бояд як иқдоми ҷиддии байналмилалӣ барои расидагӣ ба ин вазъият қабл аз эъломи расмии қаҳтӣ дар Ғазза анҷом шавад.

Вай дар бораи иқдомоти мавриди ниёз ҷиҳати муқобила бо буҳрони қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза гуфт: Бояд аз таъмини колоҳои зарурӣ дар сатҳи кофӣ итминон ҳосил кунем, ҳамчунин амнияти тимҳои имдодӣ ва башардӯстона бояд ба шакли комил тазмин шавад, ки албатта ҳеҷ як аз ин маворид бидуни расидан ба оташбас қобили иҷро нест.

Изом Ал-шоир, яке аз даҳҳо кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза аст, ки ахиран бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст дод.

Падари ин кӯдак дар гуфтугӯ бо хабарнигори Алҷазира гуфт, ки тайи чаҳор моҳи гузашта натавонист барои фарзанди худ, ки маъюб буд, ҳатто шир таҳия кунад ва дар ниҳоят ӯ ҳам монанди дигар кӯдакони гуруснаи Ғазза ҷон бохт.

Мардуми Ғазза аз шиддати гуруснагӣ барги дарахтонро мехӯранд

Аз тарафи дигар ҳушдорҳо дар бораи қаҳтӣ дар шимоли Ғазза бештар аз соири манотиқ матраҳ мешавад; ҷое ки маводи ғизоӣ рӯ ба итмом аст ва чанд кило бештар лӯбиё боқӣ намонда ва қимати он ҳам 10 баробар шудааст, илова бар он соири маводи ғизоӣ ҳамчун гӯшт, мева, сабзавот ва… Ба таври комил дар ин минтақа аз байн рафтааст.

Абунзол Ризвон, яке аз сокинони шимоли Ғазза дар гуфтугӯ бо хабарнигори Ал-ахбор эълом кард: Баъд аз соатҳо ҷустуҷӯ дар бозори урдугоҳи Ҷибилё ҳеҷ чиз барои харидан пайдо накардам. Маводи ғизоӣ ба шиддат маҳдуд аст ва қимати ҳар кило шакар ба 30 доллар расида ва қимати биринҷ аз 25 доллар гузаштааст, гӯшт ҳам ки аслан ёфт намешавад ва хеле вақт аст, ки таъми онро фаромӯш кардаем.

Ин марди 62-солаи фаластинӣ, ки сарпарасти як хонаводаи 10 нафара аст гуфт: Дар шимоли Ғазза ҳеҷ чиз ба ҷуз орд он ҳам ба шакли маҳдуд пайдо намешавад ва мо чизе барои хӯрдан пайдо намекунем ва маҷбурем барги дарахтонро бипазем ва бихӯрем.

Афзоиши омори марг бар асари гуруснагӣ дар Ғазза

Аз сӯи дигар дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза гузориш дод: Артиши ишғолгар 50 рӯз аст, ки иҷозаи вуруди ҳеҷ мошини боркаш аз сӯи кумакҳои башардӯстона ба шимоли Ғаззаро надода ва ин масаъла муҷиб шудааст мардум вориди мавҷи шадиде аз гуруснагӣ шаванд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷануби Ғазза масири амне ки душман иддао мекард барои убури мошинҳои боркаш барои кумакрасонӣ ва колоҳои тиҷорӣ боз шудааст, тайи рӯзҳои ахир бомбаборон шуд ва шумори зиёде аз тоҷирону коргарон, ки дар талош барои имдодрасонӣ ба мардум буданд, дар ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши Исроил ба шаҳодат расиданд.

Имона Аззард, зани овораи фаластиние, ки дар урдугоҳи Ҷибилё зиндагӣ мекунад, дар бораи буҳрони гуруснагӣ ва вазъияти ваҳшатноке, ки мардум дар шимоли Ғазза доранд мегӯяд: Мо маҷбурем орди сафедро бо намак тафт бидиҳему бихӯрем.

Ин зани фаластиние, ки сарпарасти як хонаводаи 7 нафара аст гуфт: Ҳатто лубиё ҳам дар бозорҳо пайдо намешавад ва мо маҷбурем шиками фарзандони худро бо орди холӣ пур кунем. Мо моҳҳост, ки ғизои солим монанди гӯшт ва сабзавот нахӯрдаем ва кӯдакон аз беғизоӣ ва лоғарии шадид ранҷ мебаранд.

Доктор Ҳисом Абусафия, мудири бемористони Камол Адвон дар шимоли Ғазза бо ишора ба афзоиши омори қурбониёни гуруснагӣ дар ин минтақа эълом кард: Садҳо кӯдак имкони дастрасӣ ба шир ё ғизои солимро надоранд ва ахиран як навзод бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст дод.

Кумитаи назорат бар гуруснагии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи буҳрони қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза эълом кард: Аз ҳар панҷ нафар дар Ғаззаи мазлум як нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебарад. Вазъияти ноамнии ғизоӣ дар ин борика баъд аз ташдиди ҳамалоти Исроил ва ташдиди муҳосира алайҳи Навори Ғазза бадтар шудааст ва хатари гуруснагӣ ва қаҳтӣ саросари Ғаззаро таҳдид мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад